Рубрики Хабарҳо

Маҳкумияти зиндон барои рақиби аслии Урдуғон ҳазорон танро ба тазоҳурот баровард

Ҳазорон нафар аз шаҳрвандони Туркия рӯзи панҷшанбе 14 декабр дар эътироз ба маҳкумияти шаҳрдори Истамбул ба хиёбон омада ва бо сар додани шиор ба ин ҳукми қазоӣ эътироз карданд. 

Акрам Имомуғлу, ки рақиби сиёсии қудратманде барои Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия маҳсуб мешавад, рӯзи чаҳоршанбе ба ҷурми “тавҳин ба масъулони Шӯрои олии интихобот”-и кишвар ба ду солу ҳафт моҳи зиндон маҳкум шуд. Мухолифон бар ин боваранд, ки ин ҳукм бештар ваҷҳи сиёсӣ дорад ва дар фосилаи чанд моҳи боқимонда ба интихоботи раёсатҷумҳурӣ, кӯшише барои ҳазфи рақиби аслии Урдуғон талаққӣ мешавад. 

Имомуғлу, ки аз ҳизби аслии оппозитсионии Туркия яъне Ҳизби ҷумҳурихоҳи халқ аст, аз додгоҳ дархости таҷдиди назар дар ин маҳкумиятро кардааст. 

Ҳомиёни ӯ рӯзи панҷшанбе бо дар даст доштани парчами Туркия ва низ тасвири бузурге аз Мустафо Камол Отатурк, бунёндгузори Туркияи навин ва пахши оҳангҳои меҳанпарастона дар беруни сохтмони шаҳрдории Истамбул таҷаммӯъ карданд. 

Тазоҳуркунандагон зимни эътироз ба “Адолат ва тавсеа”, ҳизби тобеъи Урдуғон, шиор медоданд: “ҳуқуқи башар, ҳокимияти қонун, адолат” ва “рӯзе ҳизби Адолат ва тавсеа ҳам бозхост хоҳад шуд”. 

Ба далели буҳрони иқтисодӣ ва таваррум, ба назар мерасад Акрам Имомуғлу дар беҳтарин мавқеият барои шикасти давлати Урдуғон дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ, ки қарор аст июни 2023 баргузор шавад қарор дорад ва ба ҳамин далел ин сиёсатмадор худашро қурбонии як ҳукми қазоии “сиёсӣ ва номшруъ” донистааст. 

Истамбул ба муддати 25 сол сангари Урдуғон ва ҳизби Адолат ва тавсеа буд ва дар соли 2019 рақиби ӯ Имомуғлу ба унвони шаҳрдори ин шаҳри бузург интихоб шуд. Шаҳрдори Истамбул рӯзи чаҳоршанбе дар ҷамъи ҳаводорон худ гуфт: 

Дар кишвари мо муваффақият гоҳе бо ҷазо ҳамроҳ аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *