Рубрики Хабарҳо

Вазири хориҷаи Толибон дар посух ба ҳамтои эронияш: оё шумо ҳукумати фарогир доред?

Толибон чигунаги ташкили ҳукумати худро як “масъалаи дохилӣ”-и дониста ва борҳо аз кишварҳо хостааст дар умури ин гурӯҳ дахолат накунанд 

Амирхон Муттақӣ, вазири хориҷаи Толибон, дар изҳороте бо ишораи талвеҳӣ ба дархости Ҳусайн Амир Абдоллоҳиён, вазири хориҷаи Эрон барои ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон аз ӯ пурсид: “оё шумо ҳукумати фарогир доред?” 

Муттақӣ, чаҳоршанбе,30 август, дар нишасти уламои ҳомии ин гурӯҳ дар Кобул, бо муқоисаи вазъияти Эрон ва Афғонистон гуфт: “дар зиндонҳои мо он қадр зиндонӣ нест, ки шумо эъдом мекунед.” 

Вазири хориҷаи Толибон афзуд: “дар кишвари шумо ҳазорон нафар нопадид шуда, аммо касе ҷуръати пурсидан дар бораи онро надорад.”

Толибон чигунагии ташкили ҳукумати худро як “масъалаи дохилӣ” дониста ва борҳо аз кишварҳо хостааст дар умури ин гурӯҳ дахолат накунанд. 

Ҳусайн Амир Абдоллоҳиён, вазири хориҷаи Эрон ахиран дар ҳошияи нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Самарқанди Узбекистон, бо Амирхон Мутақӣ дидор карда ва дар ин дидор гуфта буд: “мулло Муттақӣ! Мо 21 моҳ аст, ки мунтазири давлати фарогирем.”

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *