Рубрики Хабарҳо

Ҷашни тақдиси Рустам

Ба ҳайрат овардани ҷаҳониён бо ҷашнгирии пуршукӯҳу пуриздиҳоми Наврӯз дар Хуҷанд дар ҳоле, ки фиғони мардуми ҷаҳон аз вируси коруно ба фалак печидааст, зоҳиран ба мақомоти Тоҷикистон писанд омад. Қарор аст рӯзи шанбе ҷашни пуриздиҳому бодабдабаи дигаре, ин дафъа дар Душанбе баргузор шавад. Дар ҳоле, ки ҳар рӯз чанд хабар аз гирифторӣ ва ҳатто марги тоҷикон аз коруно дар Русия мерасад. Ва аз гуруснагӣ кашидани ҳазорҳо нафар бинобар ҳабс монданашон дар хонаҳо. 

Агар ҷашни Наврӯз маросими худосозии раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва таъзиму тақдиси ӯ буд, ба назар мерасад ҷашни Рӯзи шаҳр дар Душанбе маросими тақдиси писараш Рустами Эмомалӣ хоҳад буд. Қарор аст як рӯз қабл аз баргузории ин ҷашн “интихобот”-и раиси Маҷлиси Миллӣ баргузор шавад. Аксари кулли коршиносону таҳлилгарон ба ин назаранд, ки дар ин “интихобот” Рустами Эмомалӣ “пирӯз гардида” ба курсии рақами дуввуми ҳукумат дар Тоҷикистон такя мезанад.

Ва фардояш “сиёсатмадори ҷавону муваффақ”, ҷенероли артишнодида, шаҳрдори пойтахт, раиси тоза “интихобшуда”-и Маҷлиси Миллӣ, Олиҷаноб Рустами Эмомалӣ ба назди мардум мебарояд, то дар васфаш шеъру суруд хонанду назди пояш саҷда кунанд. Триумфи шоҳзода. 

Ҷашни Наврӯзро ҳатман ба хотир доред. Чун ҳанӯз як моҳ ҳам аз он нагузаштааст. Он ҷашн аз ҷашни чандҳазорсолаи Наврӯз дида бештар ба ҷашни рӯзи таваллуд ё тоҷгузории Эмомалӣ Раҳмон шабоҳат дошт. Аксари шеъри сурудҳо, ки дар он ҷашн садо доданд ба “пешво” бахшида шуда буд. Албатта аз Наврӯз ҳам ёд карданд, вале дар ҳошия. Гӯё ин Наврӯз буд, ки бо шарофати қудуми мубораки “наҷотдиҳандаи сайёра” ногаҳон фаро расида буду воҷибаш гардид дар сояи “пешво” бимонад. 

Ҳатто боду ҳаво бо “қудуми муборак”-и олиҷаноб якбора тағйир кард ва аз сарду боронӣ ба гарму офтобӣ табдил шуд. Инро худи “Асосгузори сулҳу ваҳдат” ҳам дар баромадаш махсус қайд кард ва ишора намуд, ки қалби покаш табиатро водор ба тағйири боду ҳаво кардааст. Ҳоло Душанбе мунтазири “қудуми муборак”-и пешвобача аст, ки ба баландтарин сатҳи қудрат дар кишвар мерасад. Қарор аст пойтахти Тоҷикистон, бузургшаҳре бо наздик як миллион аҳолӣ рӯзи дароз бирақсад.

Албатта ин даҳяки мусибат мебуд, агар чанд “аммо” вуҷуд намедошт. 

1. Ҷаҳон гирифтори вабост ва ҳар рӯз дастикам 10 000 кушта медиҳад. Се кишвари ҳамсояи Тоҷикистон — Афғонистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон тамоми иду ҷашнҳоро лағв карда, бо вирус дасту панҷа нарм мекунанд ва шумори қурбониёнашон ҳам меафзояд; 

2. Созмони ҷаҳонии беҳдошт, ҳамаи табибони ҷаҳон, аз ҷумла табибони тоҷик тавсия медиҳанд, ки аз ҷамъомадҳои сериздиҳом қатъан худдорӣ карда шавад;

3. Тоҷикистон расман аз чанд кишвар ва институтҳои молиявӣ барои мубориза бо шуйӯъи вируси коруно ва паёмадҳои иқтисодии он кӯмак пурсидааст ва аввалин кӯмакҳо ҳам аллакай расиданд;

4. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо боз кардани суратҳисоб аз кишварҳои ҷаҳон, институтҳои молиявӣ, сармоядорон ва ҳатто мардуми кишвар садақа пурсидааст;

5. Бинобар камбуди шадиди маблағ дар буҷа, ҳукумат тасмим гирифтааст ба маблағи 300 миллион сомонӣ қоғазҳои қиматноки давлатиро ба фурӯш барорад;

6. Як беморхона куллан дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба карантин гирифта шуда, аллакай ду нафар дар он ҳалок шуданд. Ҳар рӯз чанд хабари марги мубҳами сокинон мерасад. Барои мисол хабаре, ки имрӯз Паём нашр кард — молики ошхонаи “Танӯркабоби Шодмон” ва ҳамсараш аз бемории бисёр шабеҳ ба коруно вафот кардаанд ва тамоми аъзои ин хонавода ва кормандони ошхона ба карантин гирифта шудаанд. Ё хабари даргузашти ҳамшираи шафқат Оишамоҳ Алимова дар карантини беморхонаи Бохтар, ки имрӯз расонаҳои дигар нашр карданд;

7. Ҳар рӯз чанд хабар аз гирифторӣ ва ҳатто марги тоҷикон аз коруно дар Русия мерасад. Ва аз гуруснагӣ кашидани ҳазорҳо нафар бинобар ҳабс монданашон дар хонаҳову дар кӯча мондани оилаҳо бинобар надоштани маблағи иҷора.

8. Ҳазорҳо оила бинобар набудани кор дар Русияву қатъ шудани интиқоли пул ба хатари гуруснагӣ мувоҷеҳ шудаанд. Имкони зиёде вуҷуд дорад, ки аллакай, ҳамин ҳоло садҳо, шояд ҳазорҳо оила ноне барои хӯрдан надоранд.…

Ин рӯйхатро метавон идома дод. Даҳҳо сабаби дигар вуҷуд дорад, ки ҳатто агар яктои он воқеъ шуда буд, ҳукумати мардумсолор ҳар гуна ҷашну масрафи беҳударо канор мегузошт. Вале барои ҳукумати Тоҷикистон бар ҳама ин масоил масъалаи дигаре авлавият дорад: таъзиму тақдиси “пешво”. Муҳим нест чӣ қадар одам гуруснагӣ мекашад, муҳим нест ба чанд ҳазор хатари гирифтор шудан ба вирус дар ҷамъомадҳо таҳдид мекунад, муҳим нест чанд нафар қурбон мешавад. 

Ҳоло пешвобача эҳсос кардааст ба мақоми таъзиму тақдис расида ва бояд на камтар аз падараш муқаддас бошад. Ин аст, ки имкон надорад ҷашни тақдиси ӯ лағв шавад. Ӯ бояд роҳи падарашро тай кунад — аз рӯи ҳазорон мурда қадам зада ба тахти салтанат нишинад. Бо пули садақа. 

P.S. Замоне. ки ин навишта ба нашр омода мешуд, як манбаъи Паём хабар дод, ки ҳукуматҳои ҳамаи ноҳияҳо супориш гирифтаанд ҷавонони қоматбаланд ва духтаракони зеборо аз мактабҳо барои омодагӣ ба ҷашни Ваҳдати миллӣ интихоб карда, рӯйхаташонро ба вилоятҳо фиристанд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *