Мақомоти укроинӣ аз муваффақияти нисбӣ дар миҳори оташсӯзиҳои ҷангалҳои шимоли ин кишвар дар наздикии нерӯгоҳи ҳастаии Чернобил хабар додаанд. Укроин гуфта оташсӯзӣ хисороте ба махзанҳои зуболаҳои радиоактив ворид накардааст.
Мақомоти Укроин рӯзи сешанбе 14 апрел эълом карданд оташсӯзӣ дар ҷангалҳои шимоли ин кишвар, дар наздикии нерӯгоҳи атомии Чернобил, таҳти контрол даромадааст. Беш аз 400 маъмури оташнишонӣ дар амалиёте, ки бо ҳавопаймоҳои обпош ва чархболҳо ҳамроҳӣ шуда, беш аз даҳ рӯз аст, ки барои миҳори оташ дар ин минтақа талош мекунанд.
Бино ба гуфтаи мақомоти укроинӣ рӯзи душанбе, 540 тон об рӯйи шӯълаҳои оташ холӣ шуда ва муҳандисон бо кумаки фановариҳои пешрафта дар маҷмӯъи 110 километр ҷодаи борик ҳафр карданд то ба ин тартиб монеъ аз пешравии оташ дар ҷангал шаванд. Бориши борон дар соати бомдоди сешанбе дар минтақаи ҳодисадида низ, ба гуфта масъулон, кумак зиёде ба миҳори оташсӯзӣ кардааст.
Бинобар гузоришҳо субҳи рӯзи сешанбе дар шаҳри Киев, пойтахти Укроин, ки ҳудудан дар сад километрии маҳалли воқеъа қарор дорад, дуди сафедранги ношӣ аз оташ дар осмон мушоҳида шуд. Созмонҳои марбута аз афзоиши сатҳи Сезий-137 дар Киев хабар додаанд аммо дар айни ҳол таъкид кардаанд, ки ин афзоиш ҳамчунон зери хатти хатар қарор дорад. Сезий-137 як изотопи радиоактив аст, ки дар ҷараёни ҳодисаи инфиҷори Чернобил дар муҳит пароканда шуд.
Полис як марди 27-соларо ба иттиҳоми эҷоди оташсӯзии амдӣ дастгир кардааст.
Созмони мудирияти буҳрони Укроин эълом карда вазъият таҳти контрол аст ва “на нерӯгоҳи Чернобил ва на анбори зуболаҳои ҳастаӣ ё соири таъсисот дар маърази хатар қарор надоранд.”
Мақомоти укроинӣ то кунун иттилооти дақиқеро дар мавриди густараи оташсӯзӣ дар ихтиёри расонаҳо қарор надодаанд ва саволот дар ин заминаро бидуни посухи равшан гузоштаанд.
Дар 26 апрели соли 1986 реактори 4 нерӯгоҳи ҳастаии Чернобил дар ҷараёни як озмоиши эминӣ мунфаҷир шуд. Ин ҳодиса олояндаҳои ҳавоии радиоактивро ба миқдори қобили мулоҳизае вориди ҳаво кард.
Манотиқи атрофи Чернобил ба рағм гузашти солҳо ҳамчунон олуда ба маводи радиоактив ҳастанд. Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ дар соли 2005 шумори қурбониёни инфиҷори Чернобилро чаҳор ҳазор нафар баровард кард. Шуморе аз коршиносон шумори қурбониёнро бисёр бештар аз ин теъдод, то сад ҳазор нафар, арзёбӣ мекунанд.
Дар солҳои гузашта дар манотиқи ғайримаскунии атрофи Чернобил чандин бор оташсӯзӣ рух додааст. Мақомоти Укроин ҳар бор иллати ин оташсӯзиҳоро амдӣ эълом кардаанд. Парлумони Укроин рӯзи душанбе 13 апрел қонуни ҷадидро тасвиб кард, ки дар он барои оташсӯзиҳои амдӣ ҷаримаҳои шадидтар дар назар гирифта шудааст.