Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода ба ин назар аст, ки заминҳои Тоҷикистон метавонанд 50 млн нафарро бо ғизо таъмин кунанд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ заминҳои обёришаванда барои ҳар нафари аҳолии Тоҷикистон — тақрибан 0,06 гектар рост меояд.
Хоҷазода ба ин назар аст, ки заминҳои кишвар барои таъмини пурраи амнияти озуқаворӣ кофист. Гуфтанист, Тоҷикистон аксари маҳсулоте, ки дар сабади истеъмолӣ зикр шудааст аз хориҷ ворид мекунад, дар ҳоле, ки 30 сол аст ҳукумат амнияти озуқавориро яке аз барномаҳои стратегии худ интихоб кардааст. Ҳамчунин дар ин се даҳа бо вуҷуди қарор доштан дар саргаҳи об, масъалаи обрасонӣ ба заминҳои бекорхобидаро на танҳо ҳал накардааст, балки вазъ аз қабл бадтар гаштааст.
Раиси Кумитаи замин ба ин назар аст, ки Тоҷикистон қодир ба истеҳсоли ва таъмини пурраи аҳолӣ ба ҳама намуди маҳсулоти хӯрокист, ба истиснои баъзе аз онҳо, маслан равғани растанӣ. “Аммо агар кишти зироатҳои равғандор зиёд шудаву барои истеҳсоли равғани растанӣ корхонаҳои нав сохта шаванд, ин масъала ҳам роҳи ҳалли худро меёбад”.
Барои ҳосилхезтар шудани заминҳои Тоҷикистону расидан ба амнияти озуқаворӣ, Хоҷазода аз ҳамаи субъектҳои хоҷагидорӣ, кишоварзон, моликони қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ даъват кард муносибаташон ба заминро ба куллӣ тағйир диҳанд.
Ӯ ҳам мисли раисҷумҳур ба “истифодаи оқилонаи ҳар як порчаи замин ва гирифтани ду-се ҳосил бо роҳи кишти такрорӣ” даъват кард ва мисоле ҳам зад. Гуфт хонаводаҳои ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Истаравшан оби боронро дар зарфҳо ҷамъ карда, тобистон дар полезҳои худ истифода мебаранд ва “дар натиҷа ҳар як ҳавлӣ ҳамеша бо помидору бодиринг, картошкаву кабудӣ ва дигар сабзавоти худӣ таъмин аст”.