Рубрики Хабарҳо

CPJ ҳукми зиндони Абдуллоҳ Ғурбатиро маҳкум кард

Кумитаи дифоъ аз журналистон (CPJ), қароргоҳаш дар Ню-Йорк, ҳукми зиндони рӯзноманигор Абдуллоҳ Ғурбатиро шадидан маҳкум кард.

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе рӯзи 4-уми октябр паси дарҳои баста Ғурбатиро бар асоси се банди қонуни ҷиноӣ, аз ҷумла ифротгароӣ, ба ҳафтуним сол зиндон маҳкум намуд. Худаш гуфтааст, гуноҳе надорад.

Гулноза Саид, ҳамоҳангсози барномаҳои Аврупову Осиёи Марказии Кумитаи дифоъ аз журналистон, мегӯяд, «CPJ ҳукми сангин ва ноодилонаро нисбати Абдуллоҳ Ғурбатӣ маҳкум мекунад.»

«Ба назар мерасад, он ҳосили нороҳатии мақомоти Тоҷикистон аз маъруфияти журналистикаи иҷтимоӣ аст, ки Ғурбативу ҳамкораш Далери Имомалӣ дар ин соҳа кор мекарданд.»

Ӯ талаб кардааст, ки мақомоти Тоҷикистон билофосила Абдуллоҳ Ғурбативу Далери Имомалӣ ва журналистони дигари боздоштшударо раҳо кунанд. CPJ мегӯяд, онҳо барои хабарнигорӣ дастгир шудаанд ва аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, маъракаи тарс додани рӯзноманигоронро бас кунанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *