Рубрики Хабарҳо

Толибон гуфтанд ҳамлагарон ба хоки Тоҷикистонро дастгир кардаанд

Толибон эълон карданд, чанд нафареро, ки аз хоки Афғонистон ба тарафи Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамлаи мушакӣ кардаанд, боздошт кардаанд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи Толибон, рӯзи 16-уми июл бо «хавориҷ» номидани онҳо дар саҳифаи твиттериаш навишт «дар ин амалиёт се тан хавориҷ ҳалок ва панҷ тан зинда дастгир шуданд. Васоит ва васоили тахрибии онҳо тасарруф гардид,»

Гуфта мешавад амалиёт шаби 15-уми июл ва дар ноҳияи Имом Соҳиби Кундуз сурат гирифтааст.

Дар чаҳор моҳи охир се бор аз хоки Афғонистон ба тарафи Тоҷикистону Узбекистон мушак сар додаанд.

Рӯзи 7-уми майи имсол расонаҳои Афғонистон хабар доданд, ки ҷангҷӯён аз он кишвар ба Тоҷикистон ҳафт мушак партофтанд. Мақомоти Тоҷикистон танҳо гуфтанд, чанд тир тасодуфан расид. Ҳамзамон дар изҳороти расмии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ гуфта мешуд, ки нерӯҳои марзбонӣ “ба ҳолати омодабошии пурраи ҷангӣ гузаронида шуданд.”

Мақомоти Узбекистон моҳи июни имсол тасдиқ карданд, ки аз хоки Афғонистон ба як минтақаи марзӣ панҷ мушак афтода, ба чаҳор хона дар маҳаллаи Маҷнунтоли Тирмиз осеб расондааст.

Дар моҳи апрели имсол дар баъзе аз сомонаву шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки шохаи «Хуросон»-и ДОИШ аз Афғонистон ба иншооти низомӣ дар вилояти Сурхондарёи Узбекистон даҳ мушак сар дод. Он вақт сухангӯйи президенти Узбекистон хабарҳоро рад карда буд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *