Рубрики Хабарҳо

Дар ғами ноноварони худ шарик нестем

Муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ҳазинаи давлат аз ҳисоби онҳо пур мешавад ва миллионҳо сокини кишварро таъмини молӣ мекунанд, беш аз пеш дар мусибат қарор доранд вале пуштибоне надоранд. Баъзе расонаҳои мустақил дар ин хусус иттилоърасонӣ мекунанд, вале дар умум ҷомеъаи мо хомӯш аст. Шунидани хабари зиндонӣ ва қатл шудани муҳоҷири тоҷик бароямон як падидаи маъмулӣ шудааст, ки дигар касеро нигарон намекунад.

Қаблан нигаронӣ ва шикояти муҳоҷирон аз миллатгароён буд, ки аз ҷониби онҳо забҳу қатлу шиканҷа мешуданд. Дар миёни ҷабрдидагон аз ҳама беҳуқуқу бесоҳиб миллати тоҷик буду ҳаст, ки бо сипарӣ шудани 20 сол ҳанӯз аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон чорае дида нашудааст.

Ҳоло бошад ҳукумати Тоҷикистон ба ҷои дифоъи ҳуқуқӣ аз шаҳрвандони худ ва кам кардани муҳоҷират бо роҳи таъмини ҷойҳои корӣ, баръакс болои мусибати миллат савдои худро роҳ мондаанд ва барои манфиатҳои шахсии худ тақдири ҳазорон муҳоҷирро месӯзонанд.

Аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон тиҷорати наверо бо номи «террорист ва экстремист» роҳ мондаанд, ки тавонанд чанд тарафа манфиати молӣ дарёфт кунанд.
Тибқи иттилои дақиқ мақомотҳои дахлдор тариқи намояндаҳо ва хабаркашони худ дар қаламрави Русия нафарони бепушту паноҳ ва нафарони каме пулдорро ҷудо намуда, парвандаҳои бардурӯғ сохта, ба ин ё он кишвар равон мекунанд. Гурӯҳи аввал барои ҳабс ва ҳисобот ба кишварҳои абарқудрате мисли Чин, Амрико ва кишварҳои ИА аст, ки бинед мо алайҳи терроризм муборизаи беамон мебарем ва барои идомаи мубориза ба маблағи бештар ниёз дорем. Аз гурӯҳи дуюм ҳамон лошахӯрони ба ин кор сафарбар шуда, маблағе ситонида, озодашон мекунанд.

Аксари он ҷавонони муҳоҷир бо иттиҳоми сохтаи ҷонибдори ДОИШ ё таблиғгари ин гурӯҳи ваҳшатафкан паси панҷара равона мешавад, ки мутаассифона, касе ҷуръати пуштибонӣ ё таҳқиқи ин гуна иттиҳомро надорад ва имкон дорад пайгиркунандаи ин қазияҳо худ бо ҷурми даст доштан ба терроризм паси панҷара равад.

Ягона пуштибони фарзандони тоҷик худи миллати тоҷик буда, метавонад, ки дар якдастӣ ва ҳамовозӣ садо баланд кунем то тоҷирони тақдири мардум аз аъмоли худ даст бикашанд. Ин вабо ба мисли гургест, ки дар танҳоӣ гӯсфандонро медарад.
Мо кӯрнамакӣ дорем ва дар ғами ноноварони худ шарик нестем.

Муртазои Мирзо

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *