Рубрики Хабарҳо

Монеъаҳои Бонки Миллӣ системаи молиявии “ҳавола”-ро рушд медиҳад

Бонки Миллии Тоҷикистон монеъаҳое дар роҳи интиқоли маблағ аз Тоҷикистон ба хориҷ эҷод кардааст. Дар гирифтани пулҳои интиқолшуда ба Тоҷикистон ҳам мушкилот вуҷуд дорад.

Масалан аз соли 2016 сокинони Тоҷикистон маблағҳои интиқолшуда бо рубли русиро гирифта наметавонанд. Бонкҳо пулро бо қурби расмӣ иваз мекунанд ва ба муштраиён сомонӣ пардохт мекунанд.

“Мо мехоҳем ҷойгоҳи пули миллиро нигоҳ дорем ва сомонӣ чун ягона воситаи пардохт дар қаламрави кишвар истифода шавад” — гуфта буданд он вақт дар ин ниҳоди пулӣ.

Ҳамчунин, шаҳрвандони Тоҷикистон асъорро метавонанд танҳо ба Русия фиристанд ва танҳо ба шаҳрвандони  Тоҷикистон.

Ба кишварҳои хориҷии дур тавассути Вестерн Юнион танҳо Спитаменбонк ҳақи интиқолро дорад. Ба ҳисоби хориҷӣ танҳо ҳамин бонк метавонад маблағ гузаронад. Бонкҳои дигарро аз ин имконият маҳурм карданд.

Давоми ду соле, ки ин монеъаҳо роҳандозӣ шудаанд, бозори сиёҳи интиқоли пул бо усули ҳавола — “ман ба ту дар инҷо, ту ба нафарони ман дар он ҷо” рушд кардааст.

Системаи пардохти молии ғайрирасмӣ дар асоси табодул асосан дар кишварҳое рушд мекунад, ки барои интиқоли пул монеъаҳо эҷод мекунанд ё аз он андоз меситонанд.

Муштарӣ миёнарави ҳаволаро дар як шаҳр пайдо карда ба ӯ маблағеро, ки бояд ба нафари дигар дар шаҳри дигар, ки асосан шаҳрҳои хориҷианд, месупорад. Коргузори ҳавола ба рафиқаш дар хориҷ тамос мегирад ва аз ӯ мехоҳад то ба нафари муайяншуда маблағи гирифтаи ӯро пардохт кунад.  Барои хидматрасонӣ ҳақи муайяне ҳам ситонида мешавад. Гоҳе ин кор бидуни “ҳақи хизмат” анҷом мегирад. Ҳисобу китоби коргузорони ҳавола бо пардохти ҳамон миқдор маблағ ба муштарии дигар тамом мешавад.

Ҳоло дар чанд нуқтаи пойтахт афроде пайдо шудаанд, ки ба интиқоли маблағ ба Русия, Туркия, Олмон ва ҳатто ИМА машғуланд.

Ин таҷриба дар Тоҷикистон соли 2002 низ рушд карда буд — замоне, ки ба интиқоли маблағ андоз бастанд. Он замон гоҳе шикоятҳое ҳам аз фиреби коргузорон ба пулис ба қайд гирифта мешуд.

Раҳбари онвақтаи Бонки Миллӣ Муродалӣ Алимардонов маҷбур шуд андоз аз интиқоли маблағро бекор кунад, то пул ба бозори сиёҳ накучад.  

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *