Дирӯз 31 март дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон мухолифони ҳукумати ин кишвар ба хиёбонҳо рехта, таҷаммуъи эътирозӣ барпо намуданд.
Гуфта мешавад, ин тазоҳурот бо ибтикори Шӯрои миллии нерӯҳои демократии Озарбойҷон ва гурӯҳи “Мусовот” ба миён омадааст.
Дар ин тазоҳурот мухолифон аз ҳукумат талаб кардаанд, ки зиндониёни сиёсиро аз маҳбас озод кунанд.
Талаби озодии зиндониёни сиёсӣ аз ҳукумати Озарбойҷон дар ҳолест, ки ба баргузории интихоботи президентии Озарбойҷон камтар зиёдтар аз як ҳафтаи дигар мондааст.