14 июня, 2025
# Tags
#ХОВАР

Аксари ҳунармандони «Оркестри симфонии кӯдакон ва наврасон» ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» мебошанд






ДУШАНБЕ, 14.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аксари ҳунармандони   «Оркестри симфонии кӯдакон ва наврасон»  ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии  «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» мебошанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

«Оркестри симфонии кӯдакон ва наврасон»  дар ҳайати кӯдакону наврасони лаёқатманд ба ҳайси захираи кадрҳои академии санъат бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 феврали соли 2024 дар назди Муассисаи давлатии «Оркестри давлатии симфонӣ»-и  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Ҳоло теъдоди ҳунармандони ин оркестри симфонӣ 78 кӯдаку наврасро ташкил медиҳад.

«Оркестри симфонии кӯдакон ва наврасон»   бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид баҳри шиносоӣ бо олами мусиқии касбӣ, тарбияи истеъдодҳои ҷавон дар соҳаи санъати мусиқӣ, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ ва рушди қобилияти навозандагии ҷавонон таъсис дода шудааст. Аксари ҳунармандони имрӯзаи он  ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии  «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ва барандагони барномаи консертӣ, ки 13 июн доир гардид,  ҷоизадорони озмуни «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст»  мебошанд.

              Ёдовар мешавем, ки 13 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар маросими муаррифии оркестри кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии «Оркестри давлатии симфонӣ» иштирок намуданд.

Дар барномаи консертӣ  асарҳои композиторони тоҷик ва ҷаҳон бо иштироки хонандагони коллеҷу мактабҳои махсуси мусиқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов, Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ, Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи Миратулло Атоев иҷро гардид.

          Дар нахустин консерти ҳунармандони навраси Оркести давлатии симфонӣ шеърҳои шоирони маҳбубу шинохтаи Тоҷикистон- Муҳаммад Ғоиб, Низом Қосим, Ҷамолиддин Каримзода ва Даврони Давлат дар васфи Тоҷикистон, Модар, Душанбе ва оҳангҳои композиторони ҷаҳонӣ Мотсарт, Бетховен, Камбиз Муждаҳӣ, оҳангсозони тоҷик Фарҳод Зикир, Ибодулло Машраб, Саидқул Билолов, Амирбек Мӯсозода, Далер Тиллоев, Шуҳрат Ашуров ва Бахтовар Давлатов бо санъати воло иҷро карда шуд, ки аз тарафи иштирокдорони чорабинӣ бо кафкӯбиҳои пурмавҷ истиқбол ёфт.

АКС: АМИТ «Ховар»

 



Манбаъ

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *