«ШОҲНОМА ВАТАН АСТ». Таҳти ин унвон дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 14.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Шоҳномахонӣ» таҳти унвони «Шоҳнома Ватан аст» ҷамъбаст гардида, 28 нафар ғолибони он қадрдонӣ карда шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор хабар доданд.
Дар даври якуми озмун бо иштироки 1637 нафар довталаб, даври дуюм 283 нафар довталаб баргузор гардида, дар он олимону аҳли зиё, омӯзгорон ва донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор иштирок намуданд.
Ҳадафи маҳфил-озмун амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», таблиғи ғояҳои ифтихори миллӣ ва ватанпарастии ҷавонон, дастгириву ҳавасмандгардонии ҷавонон ба андӯхтани илму дониш, ҳифзи ҳувияти миллӣ, арзишҳои волои миллати куҳанбунёди тоҷик, баланд бардоштани сатҳи маънавии ҷавонон, бедор намудани ҳисси худшиносии миллӣ, таблиғи дастовардҳои миллӣ, мустаҳкам намудани пояҳои Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ мебошад.
Инчунин озмун бо мақсади пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофотпарастӣ ва парвариши инсони комил, тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори ватандорӣ ва ҳифзи марзу буми мамлакат дар давраи ихтилофҳои сиёсӣ дар замони муосир, анъанаҳои миллӣ дар заминаи таъриху осори гузаштагон ва пешгирии таҷоҳуми афкори ифротгароӣ дар байни ҷавонон доир гардид.
Иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба интишор ва ба ҳамаи оилаҳо тақсим намудани асари оламшумули ҳаким Абдулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома» қадами навбатӣ дар роҳи худшиносии миллӣ арзёбӣ мегардад. Ҳарчанд «Шоҳнома» то ин замон низ дар байни мардуми фарҳангсолори тоҷик зиндаву ҷовид буд, вале ба ҳар хонадон тақдим гардидани он аз ҷониби Роҳбари давлат қабл аз ҳама ҳисси ватандӯстии мардумро зиёда мегардонад.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор