Categories Хабарҳо

Кӯмаки фаъолон ба муҳоҷирини боздоштшуда (Навор)

Фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва мудофеъони ҳуқуқи муҳоҷирин дар Маскав ба муносибати Рӯзи Ғалаба ба муҳоҷирони боздоштшуда, ки дар боздоштгоҳи муваққатии Сахарова қарор доранд, кӯмак карданд.

Каримҷон Ёров, раҳбари созмони ЭТМОС ва Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирин ин кӯмакро ҷамъоварӣ намуда ба боздоштшудагон расониданд. Кӯмак маводи хӯрока, аз ҷумла мева ва қанду кулчаҳоро дар бар гирифта буд. Ҳамчунин ҷойнамоз ва ҷӯробу дигар маводи ниёзи аввалияи маҳбусон шомили ин кӯмакҳо буд.

Ба гуфтаи Каримҷон Ёров ин кӯмакҳо аз муҳоҷирине, ки дар Маскав кор мекунанд, ҷамъоварӣ шудааст.

Ёров мегӯяд, рӯзҳои наздик ба муносибати оғозшавии моҳи мубораки Рамазон кӯмаки дигар ва ба маротиб бузургтари хайриявӣ ба маҳбусон расонида хоҳад шуд.

Дар боздоштгоҳи Сахарова, ки борҳо аз шиканҷаи равонӣ ва шароити бади маҳбусон дар он шикоят шудааст то рӯзҳои наздик 750 нафар нигоҳ дошта мешуданд. Аммо баъди тафтиши Кумитаи тафтишотии Русия, ки бо дархости фаъолон ва ҳомиёни ҳуқуқ, аз ҷумла Иззат Амон, Каримҷон Ёров ва Валентина Чупик баргузор гардид, оҷилан наздик ба сесад нафари боздоштшудагон истирдод шуданд.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *