Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид ба думболи шаҳодати 16 фаластинӣ дар навори Ғазза бинобар дархости Кувайт дар соати 18.30 ба вақти маҳаллӣ ҷаласаи фаврӣ пушти дарҳои баста ташкил дод.
Муовини дабири кулли Созмони милали муттаҳид дар умури сиёсӣ дар нишасти фавқулодаи аъзои Шӯрои амният бо ҳушдор нисбат ба вахимтар шудани авзоъ дар Ғазза тайи рӯзҳои оянда, аз Исроил хост то ба қавонини байналмилали ҳуқуқи башар пойбанд бошад.
Дар ин нишаст Волтер Миллер, дипломати амрикоӣ дар Созмон милал, созмондиҳандагони тазоҳуроти «рӯзи замин дар Фаластин»-ро масъули марги кушташудагон донист ва гуфт: «касоне, ки барои таҳрик ба хушунат тазоҳуротҳоро созмондеҳӣ мекунанд, ҷони афроди бегуноҳро ба хатар меандозанд».
Аз сӯи дигар Антониу Гутираш, дабири кулли Созмони милали муттаҳид бо интишори паёме бо иброз нигаронӣ аз даргириҳо дар Ғазза, хостори анҷоми таҳқиқоти мустақил ва шаффоф барои баррасии ин ҳодиса шуд.
Гутираш ҳамчунин бо дархост аз тарафайн барои иҷтиноб аз иқдомоте, ки мунҷар ба осеб ба ғайринизомиён мешавад, бар лузуми оғози фаврии раванди сулҳ таъкид кард.
Нишасти фавқулодаи аъзои Шӯрои амнияти созмони милал, ки ба дархости Кувайт ва барои баррасии таниш дар Ғазза ташкил шуда буд, бидуни ҳусул тавофуқ бар сари баёнияи муштарак ба поён расид.
Гуфтанӣ аст, дар ҳамалоти мусаллаҳонаи низомиёни Исроил ба тазоҳуроти мусоламатомези мардуми Фаластин дар навори Ғазза аз субҳ дирӯз то кунун 16 нафар ба шаҳодат расида ва ҳудуди 1400 нафари дигар низ захмӣ шуданд.
Ба думболи ин иттифоқ давлати Фаластин имрӯз, шанберо рӯзи азои миллӣ эълом кард.
Дирӯз ҳазорон Фаластинӣ дар 6 минтақаи мухталифи марзи навори Ғазза ва Исроил барои ширкат дар «роҳпаймоии ҳаққи бозгашт» дар таърих 30 март ба муносибати чиҳилу дувумин солгарди ишғоли хоки Фаластин тавассути Исроил «рӯз замин» гирд омаданд.