Categories Хабарҳо

Боздошти 6 тоҷик дар Алмато барои рабудани ҳамватанашон

Дар Алматои Қазоқистон 6 нафар шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми одамрабои боздошт шуданд. Ин гурӯҳ бо рабудани як ҳамватани худ қасд доштанд 20 ҳазор доллар барои раҳоии ӯба даст оранд. 

Тибқи иттилоъи хабаргузории бо истинод ба ВКД Қазоқистон “шаҳрвандони Тоҷикистон як ҳамватани худро рабуда, барои озод кардани ӯ пул талаб кардаанд. Дар бораи нопадид шудани шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистон як ҳамватани ӯ ба пулис хабар дод”.

Ин мард ба пулис гуфтааст, дӯсташ рӯзи 13 август ба вохӯрӣ рафта, дигар барнагаштааст.

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хонаеро, ки дар он шаҳрванди рабудашударо дар асорат нигоҳ медоштанд, муайян карданд.

“Дар ҷараёни амалиёти дастаи таъиноти махсуси пулис 6 нафар шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуданд, ки бо мақсади ба даст овардани 20 ҳазор доллар, ҳамватани худро рабудаанд. Онҳо ӯро лату кӯб намуда, онро дар видео ба навор мегирифтанд”, — гуфтааст сардори Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили департаменти пулиси Алмато Жанат Нургалиев.

Гуфта мешавад, гурӯҳи фаврии тафтишотӣ таъсис дода шуда, парвандаи ҷиноятӣ аз рӯи далели одамрабоӣ (моддаи 125 КҶ Қазоқистон) боз шудааст.

Гумонбаршудагон ба ҳабс гирифта шудаанд.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *