Дирӯз маҷлиси навбатии ҳукумати Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳарчанд интизор мерафт дар ин маҷлис ҳукумат тасмимҳои ҷиддитаре оид ба мубориза бо шуйӯъи вируси коруно ва паёмадҳои иқтисодии бӯҳрони сарзада аз он хоҳад гирифт, давлатмардони тоҷик дар бораи қолибофӣ ва зимистони оянда сӯҳбат карданд.
Тибқи гузориши дафтари матбуотии раисҷумҳур, масъалаи аввалин дар маҷлиси ҳукумат, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020” буд. Таъкид шуд, ки қабули ин барнома ба рушди соҳаи қолинбофӣ мусоидат намудааст. Тибқи ин барномаи 7-сола чанд коргоҳи қолибофӣ таъсис дода шуда, 210 ҷои корӣ ташкил шудааст. 210 ҷои корӣ тибқи барномаи 7-солаи давлатӣ! Ва ҳукумат ҳам ин масъаларо дар маҷлисаш чун масъалаи аввал баррасӣ мекунад! Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар охир “ҷиҳати рушди соҳаи қолинбофӣ, таъмини талаботи аҳолӣ бо қолинҳои хушбофт” «супоришҳои мушаххас» дод.
Баъди баррасии ин масъалаи бисёр муҳим, ҳукумат дар маҷлисаш масъалаи омодагӣ ба зимистони ояндаро ба баррасӣ гирифт. Раисҷумҳур ҳам ба “роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ супориш доданд, ки барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани маъракаи зимистони солҳои 2020-2021 аз ҳозир тадбирҳои мушаххас андешида, ба миқдори зарурӣ маводи хӯрокворӣ, сӯзишворӣ, аз ҷумла ангишт захира намоянд”.
Сипас давлатмардони тоҷик ба баррасии масъалаҳои муҳими дигар мисли қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ”, “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” ва ғайра пардохтанд.
Ниҳоят, дар охири маҷлис, замоне ки ҳамаи ширкаткунандагон хаста шуда буданду, қисмате аллакай пинак мерафтанд, ба масъалаи охир расиданд: муқобила бо паҳншавии вируси коруно. Бӯҳрони иқтисодии бавуҷудомада аз ин вирус, аслан матраҳ набуд.
Шакли пурраи маълумоте, дафтари матбуотии раисҷумҳур дар ин бора ироа кардааст, ба ин шакл аст: Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти вазорат ва сохторҳои зертобеъи он супориш дод, ки тавассути ВАО корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳиро баҳри таъмини ҳаёти солим, аз ҷумла риояи гигиенаи шахсӣ пурзур намоянд. Дастур дода шуд, ки барои тарбияи мутахассисони сатҳи баланд, омодагии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ барои қабули беморон, ворид сохтани таҷҳизоти муосири тиббӣ, назорати санитарӣ-гигиении марказҳои хизматрасонии маишӣ, чораҳои мушаххас андешида шуда, дар доираи корҳои ободонӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолият корҳои сохтмонӣ дар иншооти тандурустӣ дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла дар беморхонаи ноҳияи Данғара барои қариб 300 ҷойи хоб, бунёди марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои муосири тиббӣ дар ҳар як деҳот ва шаҳрак, тезонида шавад.
Тамом! Кишварҳои дигар ҳаррӯза ҷаласаҳои изтирорӣ барпо карда тамоми қудрати давлату ҳукуматро барои мубориза бо вирус ва паёмадҳои иқтисодии он сафарбар кардаанд, ҳукумати Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатиаш масъалаи қолинбофиву сабти асноди шаҳрвандиро баррасӣ мекунад!
Аксари кулли кишварҳои ҷаҳон буҷаҳои соли ҷорияшонро бозбинӣ мекунанд ва ҳар қадар метавонанд барои мубориза бо бӯҳрони иқтисодӣ маблағ ҷудо мекунанд, ҳукумати Тоҷикистон бошад масъалаи омодагӣ ба ҷашнҳои навбатӣ, аз ҷумла ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро сентябри соли оянда баргузор мегардад, ба баррасӣ гирифтааст.
Ҳарфе дар бораи бӯҳрони иқтисодӣ, садҳо ҳазор муҳоҷири корӣ, ки бинобар баста шудани роҳҳо натавонистаанд ба Русия раванд ва ноне барои хӯрдан надоранд, қариб як миллион муҳоҷире, ки имкон дорад имсол дар Русия бекор монанд, эҳтимоли тӯлонитар шудани манъи содироти маҳсулоти ғизоӣ аз кишварҳое, ки Тоҷикистон ворид мекунад ва даҳҳо мушкили дигар, ки хоби миллионҳо шаҳрванди кишварро гурезондааст, нест.
Зоҳиран ҳукумат на парвои вирус дорад ва на бӯҳрони иқтисодӣ. Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ ба худдорӣ аз ҷамъомадҳои бузург даъват кардааст, коршиносон аз паёмадҳои бисёр сахти бӯҳрон огоҳ мекунанд, вале мақомоти Тоҷикистон баъди ботантана гузарондани Наврӯз, ба ҷашнҳои дигар омодагӣ мегиранд.
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд шахсан омодагиҳои ноҳияи Мастчоҳро ба ҷашни 23-солагии сулҳу ваҳдати миллӣ тафтиш кардааст. Қарор аст ҷашни ҷумҳуриявии бахшидашуда ба Рӯзи ваҳдати миллӣ соли ҷорӣ дар ноҳияи Мастчоҳ баргузор гардад. Дар ҷашн раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, намояндагони ҳукумат, парлумон ва ғайра ширкат хоҳанд кард.
Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Мастчоҳ бо ҷараёни сохтмони 30 иншоот, аз ҷумла Қасри фарҳангӣ барои 1000 ҷои нишаст ва майдони варзиши барои 10 000 тамомшобин дидан кардааст.
Қимати сохтмони танҳо Қасри фарҳангӣ 30 миллион сомонӣ ($3 млн) буда, яке аз бузургтарин қасрҳои фарҳангӣ дар кишвар гуфта мешавад. Барои сохтмони майдони варзишӣ бошад, масрафи 11 миллион сомонӣ ($1.1 млн) дар назар гирифта шудааст.
41 миллион барои танҳо ду сохтмон дар як ноҳия, ки ба ҳеҷ дарде намехӯрад, дар замони бӯҳрони шадиди иҷтисодии ҷаҳонӣ ва паҳншавии босуръати вирус!
Дар ҳамин ҳол коршиносон пешбинӣ мекунанд бинобар бӯҳрони иқтисодӣ, баста шудани сарҳадҳо ва дар кишвар мондани қариб ним миллион муҳоҷири корӣ Тоҷикистонро бӯҳрони бесобиқаи молиявиву иқтисодӣ дар пеш аст.