Рубрики Хабарҳо

Ӯзбекистону Қирғизистон беш аз даҳ санади ҳамкорӣ имзо карданд.

13 – уми декабри соли ҷорӣ Шавкат Мирзиёв, раисҷумҳури Ӯзбекистон дар раъси як ҳайати баландпояи ҳукуматаш бо сафари расмӣ вориди Бишкек шуд.

 Мирзиёев бо Сооронбой Ҷеенбеков раиси ҷумҳури Қирғизистон мулоқот кард. Ҷонибҳо зимни мулоқот  таъкид карданд, ки ҳар ду кишвар бидуни ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии якдигар ба рушд ва суботи чашмгире даст нахоҳанд ёфт.

  Раисҷумҳури Қирғизистон зимни нишасти матбуотӣ ҳамтои ӯзбекистониашро  бо олитарин нишони Қирғизистон қадрдонӣ кард.

  Мирзиёев дар робита ба ин гуфт: “Ин нишасти матбуотӣ таърихӣ ва хотирмон аст, зеро бори аввал дар чунин нишасти матбуотӣ бо нишони олии як кишвари ҳамсоя қадрдонӣ мешавам.”

  Дар мулоқоти ду ҷониб шартномаҳои мухталиф аз ҷумла байни Вазоратҳои ҳифзи сарҳадот, Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва Академияҳои улуми ду кишвар шартомаи ҳамкории илмӣ ва техникӣ имзо карда шуд.

  Ин дар ҳолест, ки раисҷумҳури Қирғизистон ҳудуди як моҳ қабл расман ин симатро ба дӯш гирифта, Мирзиёев ҳам ҳамагӣ бештар аз як сол мешавад, ки раёсати ҷумҳурии кишварашро ба даст овардааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *