Ваколати додситонҳои Тоҷикистон барои эътироз овардан ба ҳукм, фармон, ҳалнома, таъинот ва қарори додгоҳ, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, васеъ карда шуд.
Тавзеҳи инро Баҳриддин Зиёӣ, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон дар нашрияи парлумонии «Садои мардум» овардааст.
Ба гуфтаи Зиёӣ, бар асоси тағйирот ба қонун дар бораи додситонии Тоҷикистон, ки ахиран қабул шуд, додситонҳои кишвар аз салоҳиятҳои ҷадид бархӯрдор шуданд.
Аз ҷумла ба муовини якум ва муовинони додситони кулли Тоҷикистон салоҳияти эътирооз овардан нисбати ҳукм, фармон, ҳалнома, таъинот ва қарори ҳамаи додгоҳҳо, ба истиснои қарорҳои раёсатҳои Додгоҳи Олӣ ва Додгоҳи Олии иқтисодии ҷумҳурӣ дода шудаст.
Ҳамчунин додситони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, додситони нақлиёти Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони онҳо нисбати ҳукм, фармон, ҳалнома, таъинот ва қарори судҳои вилояту шаҳру навоҳӣ метавонанд эътироз кунанд.
Дар бахш истисно танҳо қарорҳои раёсатҳои додгоҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе мебошанд.
Дар зимн таъкид шудаст, ки ташаббускори тағйироти мазкур аъзои Маҷлиси миллӣ, Раҷаббой Аҳмадзода, Фарҳод Раҳимӣ, Дилшод Раҳмон ва ду вакили Маҷлиси намояндагон мебошанд.
Афзоиши салоҳиятҳои додситонҳо дар ҳолест, ки ин ниҳод султаи комил ба тамоми ниҳодҳои дигарро дорад ва ҳеҷ ҳукме бе иҷозаи он содир намешавад.