Пас аз хондани хабари тафтиши кори шаҳрдори пешини пойтахт, билофосила ба зеҳнам як навиштаи маъруф омад, ки “ҳамаи диктаторҳо пас аз таҳкими ҳукуматашон наздиктарин дӯстонашонро худашон нобуд мекунанд”.
Тафтишоти оғозшуда аз кори Убайдуллоев ҳам идомаи кори як диктатор аст. Барои дарки бештари ин мавзӯъ, бояд ба амалкарди ӯ дар муқобили ҳамсангарон ва ҳамсафонаш дуруст диққат кунем:
— Агарчӣ то ҳол марги Сангак Сафаров ва Файзалӣ Саидов як роз боқӣ мондааст, огоҳон медонанд, ки дар куштори онҳо ҳам Эмомалӣ Раҳмон дорад. Ҳатто дар сурати чун эҳтимол қабул кардани ин фарзия, ончӣ баъдан Раҳмон анҷом додааст, ин эҳтимолро ба яқин табдил медиҳад:
-Ёқуб Салимов, яке аз нафароне, ки барои ба қудрат расидани Раҳмон саҳми бузурге дошт. Ҳатто ҷони худашро ба хатар гузошту раисҷумҳурро аз як ҳамлаи террористӣ наҷот дод. Аммо бо дастури ҳамин Раҳмон ниме аз ҳаёташро дар кунҷи зиндон гузаронд.
— Ғафор Мирзоев мегуфт “агар Раҳмонов ба ман дастур диҳад падарамро ҳам мепаронам”, аммо ҳоло бо фармони ҳамон Раҳмонов дар кунҷи зиндон қарор дорад.
— Давлат Чолову бародаронаш аз фармондеҳони машҳури даврони ҷанг буданд, ки барои таҳкими ҳукумати Раҳмон корҳои зиёде кардаанд. Аммо баъди чанде аксари молу дороиҳояшон бо ҳар баҳона забт шуд. Қурбон Чолов ба таври мармузе аз дунё рафт. Давлат Чолов зиндонӣ шуд ва бо вуҷуди ин ки барои ҷалби ҷавонон ба ДИИШ дастгир шуда буд, чанде пас аз Сурия хабари маргаш расид.
— Хӯҷа Каримов ҳам аз фармондеҳоне, буд ки бо ҷиноятҳову зулмҳояш боиси тақвияти ҳукумати Раҳмон гардид. Аммо ҳоло дур аз ватан овораву беному нишон гаштааст. Дар сурати бозгашташ сарнавишти Ёқуб, Ғафор ва дигарон мунтазираш аст.
— Лангариевҳо ҳам барои ба вуҷуд омадани ин ҳукумат хеле талоши зиёде карданд. Аммо ҳоло Сӯҳроб Лангариев маҳкум ба ҳабси абад аст. Файзалӣ Лангариев ва Бахтиёр Лангариев то ҳол дар ҳукуматанд, вале ин ҳанӯз кафолати нарафтан аз паи бародарашон нест. Ҳама медонанд, ки то чанд моҳи пеш яке аз онҳо дар канори Маҳмуд Худойбердиев буд.
— Домоди Сангак Сафаров ҳам имрӯз дар зиндон қарор дорад, чун намехоҳанд аз онҳо нишоне дар Тоҷикистон бошаду касе аз онҳо қудрати пурсуҷӯ дар бораи Сангакро дошта бошад.
Дар муқобил Суҳроб Қосимови данғарагӣ то мурданаш дар ҳукумат монд ва ҳеҷ кас пишакашро пишт ҳам нагуфт.
Дар бораи сулҳ ва раҳбарони мухолифон дигар ҳоҷати гап ҳам нест. Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари мухолифон сиёсатмадори варзида набуд ва бо гузаштҳои беҷояш Раҳмонро ба як диктатори берақиб табдил дод. Аммо Раҳмон ӯро ҳам кушт. Ва Ҳимматзодаро ҳам.
Шикори раҳбарони мухолифин ҳанӯз аз ҳамон рӯзҳои аввали сулҳ оғоз шуда буд. Аз ҷумла куштори Отахон Латифӣ ва чанде дигар аз намояндагони элита мухолифини дунявӣ ҳам маҳз бо дастури шахси Раҳмон анҷом шуда буд.
Агар ба тарафи дигари қазия ҳам нигоҳ кунем мебинем, ки Раҳмон шахсиятҳои калидии дигар минтақаро хеле моҳирона ба ҳошия ронда ба истилоҳ “безарар” гардондааст.
Барои мисол, ӯ яке аз беҳтарин кадрҳои амнияти кишвар Сайдамир Зуҳуровро ба ҳошия ронда, дар кумитаи ҳифзи сирри давлатӣ маҳдуд кард. Зеро ӯ чун як шахси миллатдӯсту Ватанпараст наметавонист мисли дигарон Раҳмонро “бипарастад”. Аз тарафи дигар аз доираи Оила ва маҳал берун буд. Маҳал барои Раҳмон имрӯз маҳдуд ба Данғара мешавад на ба минтақаи Кӯлоб.
Бобохон Маҳмадов танҳо касе буд, ки дар назди Раҳмон сар хам накард. Мехост барои миллат ва Ватанаш кор кунад на барои Раҳмон ва оилааш. Ба ҳамин хотир ӯро ҳам ба ҳошия ронданд ва “безарар” гардонданд.
Абдулло Ҳабибов низ шахсияти кам набуд. Аммо ӯро ҳам ба ҳамин сарнавишт дучор намуданд. Ҳикматулло Насриддинов, ки дар замони Шӯравӣ дар ҳукумат кор карда буду вакили мардумӣ буд, аз тарафи Раҳмон таҳқир шуд. Аммо баъдан маҷбур шуд бо бо чоплусиву тамаллуқкорӣ рӯ оварад.
Абдулмаҷид Достиев ин муддат аз ҷараён дур нигоҳ дошта шуд ва дар Русия солҳо ба унвони сафир кор кард. Дар ҳоле, ки идеологи аслии ҳукумати Раҳмон ба ҳисоб мерафт. Ҳоло бошад аз ҳамаҷо дуру бехабар бознишаста шудааст.
Шахсиятҳои зикршуда касоне ҳастанд, ки бевосита дар ба қудрат расидани Раҳмон даст доштанд ва ҳамчунин аз минтақаи Кӯлоб ҳастанд. Ҳоло бошад доираи оилаи Раҳмон ва ёру дустонаш онқадар калон шудааст, ки дигар дар ҳукумати ӯ нишоне аз ёрони собиқ ва мардуми минтақаи Кӯлоб нест. Танҳо дар неруҳои қудратӣ аз мардуми ин минтақа истифода мебарад. Ин нерӯҳо ҳам дар асл дороиҳои оила ва манфиатҳои ҳамин хонаводаву атрофиёнашонро ҳимоят мекунанд на мардум ва Ватанро.
Убайдуллоев ҳам нақши худро иҷро кардааст. Дигар ба вуҷуди ӯ ниёзе нест ва бояд биравад. Аммо Убайдуллоеви кордон, сарватманд ва дорои иртиботҳои қавӣ дар дохилу хориҷ барои Раҳмон як хатар ва таҳдид маҳсуб мешавад. Бинобарин агарчӣ аз мансаб рафтааст, хатараш барои Раҳмон боқист. Раҳмон аз робитаҳои наздики Убайдуллоев бо русҳо огоҳ аст. Ба ҳамин хотир ҳатто аз Убайдуллоеви бознишаста ҳам метарсад. Бинобарин Убайдуллоев ё бояд кушта шавад ё зиндонӣ.
Аммо Убайдуллоев ҳам танҳо ду роҳ дар пеш дорад.
1. Дороиҳояшро зудтар мефурӯшад (агар тавонад) ва тарки Тоҷикистон мекунаду бо ин роҳ ҳадди ақал ҷонашро ва дороиҳояшро то ҳудуде ҳифз мекунад. Аз тарафи дигар метавонад аз кишвар хориҷ шуданаш боис шавад, ки ҳадди ақал наздикон ва хонаводаашро ҳифз кунад. Яъне агар дар хориҷ ором биншинаду коре накунад Раҳмон ба хотири ором истоданаш ба дороиҳо ва наздиконаш кордор нахоҳад шуд. Хатари пайвастани Убайдуллоев ба мухолифин Раҳмонро водор хоҳад кард, ки аз эҳтиёт кор бигирад.
2. Дар дохили кишвар мемонад ва аз худашу хонаводаву дороиҳояш дифоъ мекунад. Агар Убайдуллоев дар муқобили ин худхоҳиҳои Раҳмон садо баланд кунад, имкони ба як қаҳрамони миллӣ табдил шуданаш вуҷуд дорад. Зеро имрӯз дар дохили кишвар дигар касе ҷуръати онро надорад, ки ба Раҳмон муқобилият кунад. Агарчӣ Зайд Саидов дар ташкили ҳизби нави худ бо Убайдуллоев ҳам машварат карда буд ва ба қавли баъзеҳо маҳз Убайдуллоев ба ӯ хиёнат кардааст, аммо муқовимати Убайдуллоев метавонад боз хам ӯро ба як лидер табдил диҳад. Як гурӯҳи мардуми минтақаи Кӯлоб маҳз ба хотири ҳамкориву наздикиашон бо ӯ аз вай ҳимоят хоҳанд кард, вале бештари мардуми дигар ба хотири раҳоӣ аз зулми режими Раҳмон ба ӯ хоҳанд пайваст.
Дар ғайри ин ду ҳолат, Убайдуллоев бояд мунтазири сарнавиште ҳамчун Нуриву Ҳимматзода ва Ғафору Ёқубу дигарон бошад.
Умеди Собир