“Мамлакат, ки танҳо як кӯчаи марказӣ нест ва миллат ҳам танҳо як шахс, як гурӯҳ ва як маҳал нест, балки ҳамаҷо ва ҳама касро дар ин сарзамин сохтан ва имкони фазосозӣ додан зарур аст.”
Меҳмоншо Шарифов, пажӯҳишгари маъруфи тоҷик, имрӯз 14-уми июли 2017 дар сафҳаи фейсбукии худ, дар вокуниш ба иқдомҳои ахири Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ (МТС) гуфт: “Як бор паси ин шиорҳо ва инкорҳо бояд эътроф кунанд, ки решаи ин мушкилиҳо 100 фоиз ҳам набошад, 80 фоизаш онҷост, ки онҳоянд.”
Ҷаноби Шарифов хитоб ба давлатмардони тоҷик ва ноӯҳдабароии онҳо гуфт: “Зарфият ва қобилияти роҳбарӣ надоранд, сарҳадҳои епистемологии маҳдуд доранд, таҳлил дуруст кардан ва тасмими дуруст гирифтан наметавонанд. Ҷаҳл ва фасод ба фазои воқеан миллӣ имкони буданро надода истодааст.”
Ӯ бо интиқод аз МТС гуфт: “Имрӯз МТС, ки чашму гӯши давлат аст, ҳама гуна паёмро чи аз Сурия, чи аз Руссия, чи аз дили Аврупо ва чи аз дохил як хел қабул мекунад, инкор мекунад ва ба амнияти давлату миллат хатарнок мебинад. Ҷаҳл, ҷуз хоҳиши баланди инкор нест ва дар табиати ҷаҳл бештар намоиш ҳукумрон аст, на шинохту таҳлил. ”
Ин пажӯҳишгари тоҷик ҷаҳлу инкор карданҳои МТС ва ҳукуматро мавриди интиқоди шадид қарор дода, аз онҳо даъват кард, ки ба худ ва фикру зарфиятҳои худ бингаранд. Ӯ мегӯяд: “Имрӯз вақти он расида, агар дер нашуда, ки давлатмардон дар ин сарзамин бояд як бор ба худ нигоҳ кунанд ва вуҷуди худ, табиати худ, фикри худ ва зарфияти худро ташхис карда бошанд.”
Вай муътақид аст, ки суботу амният дар як раванди созандаи фарогиранда шакл мегирад: “Дар дунёи мураккаби имрӯз, ки низоми нав дорад шакл мегирад аслан бунёди субот ва амният дар дохили мамлакат бояд мустаҳкам бошанд. Субот ва амният арзишҳое ҳастанд, ки дар таркибҳои давлат ва ҷомеа ва дар вуҷуди фард фарди ин сарзамин дар як раванди созандаи ҳамаро фарогиранда шакл мегиранд. Дар ин гуфтугӯ ва ин қарина (контекст) раванди созандаи ҳамарофарогиранда муҳим аст, ки илм, дониш ва истеҳсол сементҳои ин раванданд.”
Ҷаноби Меҳмоншо Шарифов мегӯяд: “Ин раванд аст, ки дар тамоми мамлакат аз Ворух то Мурғоб метавонад ҳаёти мардумро мисли кӯчаи марказии пойтахт зинда кардан.”
“Мамлакат, ки танҳо як кӯчаи марказӣ нест ва миллат ҳам танҳо як шахс, як гурӯҳ ва як маҳал нест, балки ҳамаҷо ва ҳама касро дар ин сарзамин сохтан ва имкони фазосозӣ додан зарур аст.”- афзуд ӯ.
Ин пажуҳишгар дар охир чунин ҳушдор медиҳад: “Ҷомеа сахт мариз аст ва ин маризиро бояд ташхис ва табобат кард, ки он метавонад ин ҷомеаро то омадани ҳар гуна душмани эҳтимолӣ аз берун аз байн бубарад…”
Рубрики
Хабарҳо