Аз 11 то 16 июл дар шаҳри Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни вохӯрӣ ҷараёни корҳои аломатгузорӣ муҳокима гардида, пешниҳодҳои муштарак оид ба хатти лоиҳавии демаркатсионии сарҳади Тоҷикистон ва Узбекистон омода шуданд.
Дар поёни нишаст Протоколи дахлдор ба имзо расидааст.
Вохӯрии навбатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо мегардад.