“Сардор”-и гурӯҳи “ҳамлаварон” ба сайёҳони хориҷӣ дар Данғара Ҳусейн Абдусамадов, ки ба ҳабси абад маҳкум шуда буд, дар зиндон “даргузаштааст”.
Мақомот ва наздикони ӯ ин хабарро ба Радиои Озодӣ тасдиқ кардаанд. Мансурҷон Умаров, сардори Идораи зиндонҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 3-юми март гуфтааст, ки сабабу омилҳои марги Абдусамадовро мақомоти Додситонии кулл муайян мекунанд.
Умаров афзудааст, “ӯ бемории ҷиддӣ надошт, аммо ҳар сари вақт ба бемориҳо гирифтор мешуд. Аз ин хотир, ҷасад аз ташхиси суддӣ-тиббӣ гузаронида шуд, то мабодо аз зӯроварӣ ва шиканҷа дарнагузашта бошад”. Сардори Идораи зиндонҳои Тоҷикистон аз Ҳусейн Абдусамадов ба унвони “як террористи хатарнок” ном бурдааст, ки гурӯҳи ҳамлаварон ба сайёҳонро раҳбарӣ мекард ва низ аз кирдораш ҳаргиз пушаймонӣ накард.
Яке аз наздикони хонаводаи Ҳусейн Абдусамадов ҳам гуфтааст, ки ҷасади ӯро мақомот дирӯз ба наздиконаш таслим карданд ва қарор аст маросими ҷанозаи ӯ имрӯз дар хонаи яке аз бародаронаш дар яке аз ноҳияҳои атрофи Душанбе, баргузор шавад. Ба гуфтаи наздиконаш, ӯ дар яке аз зиндонҳои шаҳри Душанбе адои ҷазо мекард.
Мақомоти Тоҷикистон Ҳусейн Абдусамадов, сокини 35-солаи шаҳри Душанберо раҳбари гурӯҳе медонанд, ки рӯзи 29-уми июли соли 2018 дар минтақаи Себистони ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ҷаҳонгардони хориҷиро бо мошин пахш намуда, баъдан бо корду табар ба онҳо зарба заданд. Аз миёни панҷ ҳамлавар танҳо Абдусамадов зинда боздошт шуда, чаҳор узви дигари гурӯҳ дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои интизомӣ кушта шуданд.
Дар пайи ин ҳамла чаҳор сайёҳи хориҷӣ – шаҳрвандони Амрико Остин Ҷей ва Геогҳеган Лаурен Анне Муноз, шаҳрванди Нидерландия Воке Рене Виллемм ва шаҳрванди Швейтсария Хамел Маркус кушта шуданд. Ду нафари дигар – шаҳрвандони Швейтсария Дименд Мари Клер ва Постма Ким Ирис осеб диданд.
Масъулияти ҳамла ба сайёҳонро ҳарчанд гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ба ӯҳда гирифтаст, аммо мақомоти Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломиро муттаҳам карданд. ҲНИТ даст доштани худ дар ин ҳамларо бо сароҳат рад ва мауомоти Тоҷикистонро ба тӯҳматпароканӣ муттаҳам кард.
Додгоҳи олии Тоҷикистон 21-уми ноябр ҳамон сол Ҳусейн Абдусамадовро ба ҳабси абад маҳкум кард. Ду тан аз муттаҳамони дигар Кароматулло Ғаниев ва Беҳрӯз Сафоев ба 16-соли зиндон маҳкум шуданд. Додгоҳ ҳамчунин 12 муттаҳами дигарро ба мӯҳлати аз як то якунимсолӣ аз озодӣ маҳрум намуд.