Рубрики Хабарҳо

Шуйӯъи вируси коруно дар хостели муҳоҷирон дар Петербург

Аз хостели расман дар қайднабудаи муҳоҷирон дар наздикии Санкт Петербург, ки 475 нафар дар он сукунат доштаанд,  10 нафар сироятёфтаи коронавирус бистарӣ шудаанд.

Тавре хабаргузории ТАСС , хостели ғайриқонунӣ дар шаҳраки Новосергиевки вилояти Ленинград дар ҷараёни рейди кормандони Роспотребнадзор, Кумитаи тафтишот ва мақомоти пулис ошкор шуда, дар он муҳоҷирони корӣ зиндагӣ мекардаанд.

Аз хадамоти матбуоти ҳукумати минтақа ба  хабаргузории ТАСС иттилоъ дода гуфтаанд, 10 ҳолати сироятро тасдиқ мекунем ва ба коронавирус гирифтор шудани боз 10 муҳоҷир ҳоло номаълум аст. Аз ҳама маводи биологӣ гирифта мешавад”.

Тибқи маълумоти ТАСС, хостел ба карантин баста шуда, молики он уҳдадор шудааст, ки бошандагонро бо ғизо ва лавозимоти мавриди ниёзи аввал таъмин кунад.

Губернатори вилоят Александр Дрозденко дастур додааст, ки ҳамаи ҷойҳои зисти серодам – ҳамаи хостелу хобгоҳҳо санҷида ва тамизкорӣ (дезинфексия) шаванд.

Гуфта мешавад, тибқи маълумоти охир, дар вилояти Ленинград 155 нафар мубталои бемории коронавирус шуда, аз ин  5 кас шифо ёфтаанд.

Мувофиқи маълумоти гуногуни худи муҳоҷирон, беш аз 30 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо коронавирус гирифтор шуда, дар беморхонаҳои Русия бистарианд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *