Дар амалиёте, ки мақомоти Тоҷикистон дар наздикии марзи Афғонистон роҳандозӣ кардаанд даҳҳо шаҳрванди ин кишвар дар ҳудуди Тоҷикистон боздошт шудаанд. Гуфта мешавад дар миёни онҳо низомиёни собиқ низ ҳастанд.
Тибқи иттилои Радиои Озодӣ, амалиёт тӯли як ҳафта дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар як минтақаи марзии назораташ душвор ва касногузар гузаштааст.
Намояндагони ҳукумати Тоҷикистон дар ин бора расман изҳорот надоданд.
Манобеъ дар баъзе аз идораҳои давлатӣ гуфтаанд, ки “ин афрод бо худ силоҳ доштаанд”.
“Ҳоло боздоштшудаҳоро ба шаҳри Душанбе бурданд. Сарнавишти баъдии онҳо маълум нест,” – гуфтааст яке аз манбаъҳо.
Дақиқ нест, онҳо кай ва чӣ гуна ба хоки Тоҷикистон гузаштаанд.
Дар тобистони соли 2021 ва баъди ба қудрат расидани Толибон садҳо низомиву халабон ва мардуми одии Афғонистон ба Тоҷикистон ва Узбекистон паноҳ оварда буданд.
Баъзе аз онҳо ба кишвари севум рафтанду бахше дигар ба Афғонистон баргардонда шуданд. Дигарон дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон ҳастанд.