Categories Хабарҳо

Муҳоҷирон дар семоҳаи аввал $103 млн камтар фиристодаанд

Дар семоҳаи аввали соли 2020 ҳаҷми интиқоли пули муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон ба андозаи 22,3 дар сад коҳиш ёфтааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки Русия танҳо аз нимаи моҳи март вориди карантин шуд ва бештари муҳоҷирон то он замон ҷои кор доштанд. 

Тибқи гузориши Бонки марказии Русия интиқолҳои пулии шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2020 то 22,3 дарсад коҳиш ёфтааст.

Ҳамин тариқ, маблағи умумии интиқоли муҳоҷирон ба Тоҷикистон дар ин давра 359 миллион долларро ташкил додааст. Ин дар ҳоле, ки дар моҳҳои январ-марти соли 2019, муҳоҷирони тоҷик 462 миллион доллар интиқол дода буданд.

Аммо, маблағи миёна аз як интиқол аз 139 то 149 доллар афзудааст.

Коршиносон пешбинӣ мекунанд, ки интиқоли маблағ дар семоҳаи дуввум бамаротиб бештар аз семоҳаи аввал кам хоҳад шуд. Қаблан, ки дар моҳи март ва нимаи апрел интиқоли маблағ ба Тоҷикистон 50% камтар шудааст.

Зимнан, интиқоли пул аз дигар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ коҳиш ёфтааст. Аз ҷумла, интиқолҳо аз Русия ба Қирғизистон 20,7 дарсад коҳиш ёфта, 359 миллион долларро ташкил доданд.

Муҳоҷирони меҳнатии Ӯзбекистон интиқоли пулро ба ватанашон танҳо 7,2 дарсад  кам карданд ва дар семоҳаи аввал ба маблағи 759 миллион доллар фиристодаанд.

Қаблан Оҷонсии Bloomberg қайд карда буд, ки дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ коҳиши назарраси интиқоли пул аз Русия ба назар мерасад.

Омили асосии коҳиш ёфтани интиқоли маблағ ин авҷи маризии коронавирус мебошад, ки ба иқтисодиёти ҷаҳон талмаи сахт ворид кард.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *