Rушта шудани сарбозони Туркия дар Идлиб ва посухи низомии ин кишвар эҳтимоли даргирӣ миёни Туркия ва Сурияро боло бурдааст. НАТО нишасти фавқулода баргузор карда ва Русия мегӯяд, нерӯҳои Туркия дар замони ҳамла дар канори шӯришиёни сурӣ буданд.
Ҳамзамон бо боло гирифтани эҳтимоли даргирӣ миёни Туркия ва Сурия Созмони дифоъии НАТО рӯзи ҷумъа 28 феврал нишасти фавқулода баргузор кард.
Туркия, ки дасти кам 33 тан аз сарбозонаш шомгоҳи панҷшнбе дар ҳамлаи ҳавоии бомбафканҳои Сурия кушта шуда ва 36 тан низ захмӣ шудаанд хостори барпои ин нишаст шудааст. Туркия эълом кард, ба талофи ҳамалоти нерӯҳои Сурия дар тӯли шаб “ҳамаи аҳдоф шинохта шуда режим”-и Сурия дар Димишқро аз замин ва ҳаво ҳадаф қарор додааст.
Дидабони ҳуқуқи башари Сурия эълом кард, бомбафканҳои Сурия шомгоҳи панҷшанбе корвоне аз сарбозони Туркияро дар ҷануби шаҳр стратегии Сароқиб бомбаборон кардаанд. Ин шаҳр рӯзи панҷшнбе мавриди ҳамлаи шӯришиёни сурӣ таҳти ҳимояти Туркия қарор гирифт ва контроли он ба дасти шӯришиён афтод.
Бар асоси эъломи вазорати дифоъи Русия, сарбозони кушташудаи Туркия дар замони ин ҳамла ҳамроҳи “воҳидҳои размии гурӯҳҳои террористӣ” буданд. Маскав мегӯяд, Туркия ҳузури нерӯҳои худ дар ин минтақаро аз қабл эълом накарда буд ва воҳидҳои ин кишвар “набояд он ҷо ҳузур медоштанд.” Маскав афзуд, ки ҷангандаҳои русӣ дар ҳамла ба ин минтақа ширкат надоштанд.
Хулуси Окор, вазири дифоъи Туркия мегӯяд, ҳамалоте, ки дар он 33 сарбоз ин кишвар кушта шуданд ба рағми ҳамоҳангӣ бо мақомҳои русӣ сурат гирифт ва ҳамалот ҳатто баъд аз ҳушдоре, ки дар пайи аввалин ҳамла дода шуд идома ёфт.
Туркия: 309 сарбози Сурия дар ҳамалоти талофиҷуёна кушта шуданд
Ба гузориши Рейтерз, ба нақл аз Анотулӣ, вазири дифоъи Туркия ҳамчунин эълом кард, 309 низомии давлати Сурия, ки аз сӯи Маскав ҳимоят мешаванд дар ҳамалоти талофиҷуёна ин кишвар кушта шудаанд.
Умар Чилик, сухангӯи ҳизби ҳокими адолат ва тавсеаи Туркия таҳдид ба боз кардани марзҳои ғарби Аврупо ба рӯйи миллионҳо паноҳҷӯ кард. Ў гуфт: “Сиёсати паноҳҷӯӣ мо ҳамон аст, ки буд аммо вазъият алон ба гунае аст, ки мо дигар қодир ба нигаҳ доштан паноҳҷуён нестем.”
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ахбор ва тасовирӣ аз боз шудани марзҳо мунташир шудааст. Туркия дар тӯли солҳои гузашта се миллиону 700 ҳазор паноҳҷӯи суриро пазиро шудааст.
Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони милали муттаҳид, Амрико ва муттаҳидони ғарбӣ дар ҳошияи нишасти шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид дар мавриди Сурия хостори оташбаси сареъ шудаанд.
Идлиб охирин пойгоҳи шӯришиён сурӣ аст. Туркия дар ҷанги дохилии Сурия аз шӯришиён исломгаройи ин кишвар ҳимоят мекунад. Туркия тибқи тавофуқи соли 2018 бо Русия, дар ин минтақа 12 пости дидабонӣ доир кардааст.
Бо ин ҳама дар декабри соли гузашта нерӯҳои мусаллаҳи сурӣ бо пуштибонии Русия бо ҳадафи бозпас гирифтани тамоми заминҳои зери султаи шӯришиён дар ин минтақа ҳамалоти пешравндаеро оғоз карданд. Урдуғон низ тасмим гирифт, воҳидҳои бештареро ба шимоли Сурия бифиристд ва таҳдид кард, агар артиши Сурия ақиб нанишинад, посухе низомӣ хоҳад дод.