Рубрики Хабарҳо

Кохи сафед: Амрико дар амалиёти Туркия дар шимоли Сурия мушорикат нахоҳад кард

Кохи сафед эълом кард, ки Амрико дар амалиёти Туркия дар шимоли Сурия мушорикат нахоҳад дошт ва аз он ҳимоят намекунад. 

Кохи сафед бо интишори баёнияе пас аз гуфтугӯи телефонии раисҳои Туркия ва Амрико дар бораи эҷоди минтақаи амн дар шимоли Сурия эълом кард: Туркия дар остонаи амалиёти низомӣ дар шимоли Сурия аст, ки муддатҳо пеш барномарезии онро анҷом дода буд, аммо нерӯҳои Амрико дар ин амалиёт мушорикат накарда ва аз он ҳимоят нахоҳад кард. 

Дар ин баёния омадааст: “Нерӯҳои Амрико Доъишро шикаст доданд ва аз ин пас ба сурати мустақим дар минтақа ҳузур нахоҳанд дошт. Давлати Амрико дар заминаи бозгашти доъишиҳои хориҷии боздоштшуда дар Сурия ба Фаронса, Олмон ва соири кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо, ки шаҳрванди он ҳастанд пофишорӣ кардааст аммо ин кишварҳо намехоҳанд ин террористҳоро пас бигиранд. Иёлоти муттаҳида солҳо ин афродро нигаҳ нахоҳад дошт. Аз ин пас Туркия масъули тамоми аносири доъишии дастгиршуда дар минтақа аст.” 

Гуфтанист, Раҷаб Тайииб Урдуғон ва Доналд Трамп раисҷумҳурҳои Туркия ва Амрико дар бораи эҷоди минтақаи амн дар шимоли Сурия ба сурати телефонӣ гуфтугӯ карданд. Урдуғон ва Трамп тайи ин гуфтугӯи телефонӣ илова бар масоили дуҷониба ва таҳаввулоти минтақаӣ, дар бораи эҷоди минтақаи амн дар шарқи Фурот низ табодули назар карданд. 

Раисҷумҳурҳои Туркия ва Амрико ҳамчунин муқаррар карданд, ки моҳи оянда дар Вашингтон дидор кунанд. 

Урдуғон дар гуфтугӯи телефонӣ бо Трамп бар лузуми рафъи таҳдиди терроризм ноши аз ПКК/ИПГ ва эҷоди минтақаи амн ҷиҳати фароҳам кардани шароити бозгашти паноҳҷуёни сурӣ таъкид кард. 

Раисҷумҳури Туркия дар ин гуфтугӯи телефонӣ бо Трамп афзуд: Туркия дар мубориза бо гурӯҳи террористии Доъиш дар Сурия азми росихе дорад ва барои ин ки дубора чунин мушкилӣ дар минтақа эҷод навашад, тадобири лозимро иттихоз хоҳад кард.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *