Рубрики Хабарҳо

Ҷойивазкунии навбатии кадрҳои ҳукумат

Бо қарори ҳукумат Икром Субхонзода, бинобар ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Агентии авиатсияи граждании кишвар озод карда шуд.  Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, Субхонзода директори Агентии назорати маориф ва илми назди президент таъин гардид.

 Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 11 апрел чанд тағйироти кадрии дигар низ  анҷом дод. Бино ба дафтари матбуоти дастгоҳи раисҷумҳур, аз ҷумла, дар Вазорати маориф, Вазорати молия, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, мелиоратсия ва обёрӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

 Қарорҳои ҳукумат инҳо буданд:

 Абдулзода Зиёдулло Назар — муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;

 Усмонзода Аюб Ислом — ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров;

 Қурбониён Сарвар Собир — муовини вазири молия

 Абдураҳмонзода Нигина Шуҳрат – директори Агентии рушди бозори коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсуси Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 Зимнан зикр мегардад, ки президент ҳини суҳбат бо кадрҳои навтаъин ҷиҳати фаъолияти пурсамари Вазорати маориф ва илм дар самти баланд бардоштани сифати таълим, омода намудани мутахассисони ҷавон ва рафъи камбуди кадрҳо дар соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ супоришҳои мушаххас додааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *