Баррасии парвандаи чаҳор муҳоҷири тоҷик, ки моҳи ноябри соли гузашта вагони истиқоматиашон оташ гирифта буд, барои бори саввум аз тарафи додгоҳи Русия дароз карда шуд. Тафтиши ин парванда ҳади ақал то 12-уми июни имсол идома хоҳад кард.
Ин чаҳор муҳочир, ки аз онҳо Маҳмадтоҳир Ашӯров, Қурбонмад Содиқов, Далер Ҳасанов ва Ҷумъабой Искандаров ном бурда мешавад, бо вуҷуди ҳамлаи миллатгароёни рус ба ҷои истиқоматиашон ба «авбошӣ” ва “қасди куштор” муттаҳам мешаванд.
Бештари онҳое, ки қазияро пайгирӣ мекунанд, мегӯянд, ки тафтишот холисона ҷарайн намегирад ва аксар шоҳидон онҳое ҳастанд, ки ба ҷониби дигар робитаи наздик доранд. Тибқи иттилоъи Радиои Озодӣ бо истинод ба огоҳони ин парванда, рӯзи ҳодиса “шоҳидон” бо ҷавонҳои тоҷик ҷанҷол кардаанд. Аз ин рӯ, ба гуфтаи ӯ, «онҳо ҳамчун шоҳиди беғараз набояд ба тафтишот шоҳидӣ медоданд.»
Онҳо гуфтаанд, рӯзи ҳодиса муҳоҷирон ба сокинони маҳаллӣ таҳдид карда, ду ҷавони маҳалиро латукӯб кардаанд. Иддаое, ки муҳоҷирон дар додгоҳ рад кардаанд.
Шаби 12-уми ноябри соли 2021 сокинони маҳаллӣ дар деҳаи Заларии вилояти Иркутск ба вагони ҳафт муҳоҷири тоҷик ҳамла карданд. Насимҷони Сайидалии 21-сола ва Сироҷиддин Гулзодаи 19-сола, ду муҳоҷири тоҷик ҳалок шуданд ва мақомот чаҳор ҳамроҳашонро боздошт карданд.
Мақомоти тоҷик ва пайвандонашон онҳоро бегуноҳ медонанд. Матбуоти Русия дар ибтидо хабар дод, ки гуё муҳоҷирони тоҷик рӯзи ҳодиса дар назди мағоза ба ҷавонони маҳаллӣ ҷанҷол кардаанд ва онҳо шабона вагонро оташ зада, бо ин роҳ қасос гирифтаанд. Ҳоло як корманди пулиси маҳаллӣ ва се сокини маҳаллӣ низ дар боздоштанд. Мақомоти тафтишотии вилояти Иркутск дар ин бора ҳеч иттилое намедиҳанд.
Сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфта буд, ки ҳодисаро пайгирӣ дорад. Сироҷиддини Мӯҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, низ дар ин бора охири соли гузашта бо ҳамтои русаш Сергей Лавров суҳбат дошт.
Модарони чаҳор муҳоҷир дар номае аз президент Эмомалӣ Раҳмон хоста буданд, ки ба Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, занг зада, барои раҳоии писаронашон кумак расонад.
Дар Русия бештар аз 1 миллион муҳоҷири тоҷик кору иқомат мекунанд ва шикоятҳо аз муҳокимаҳои ноодилона ва бегуноҳ ба зиндон маҳкум шудани онҳо зиёд аст.