Паймони Миллии Тоҷикистон ҳукми зиндони Шоҳида Маҳмадҷоноваро шадидан маҳкум карда, аз ҷомеъаи даъват кард дар муқобили чунин зулми сукут накунанд. Ин ҳукм “баёнгари ин аст, ки мақомоти кишвар на танҳо ба қонун, балки ба арзишҳои милливу инсонӣ низ заррае эҳтиром қоил нестанд” — омадааст дар баёния.
Матни пурраи баёнияи Паймони Миллии Тоҷикистон дар ин хусус ба шакли зер аст:
Паймони миллии Тоҷикистон (ПМТ) ба 6 соли зиндон маҳкум шудани Шоҳида Маҳмадҷоноваро амали комилан ғайриқонунӣ ва хилофи ҳама меъёрҳои ҳуқуқибашарӣ дониста, онро шадидан маҳкум мекунад.
Боздошти худсарона ва ғайриқонуни Ш. Маҳмадҷонова ба муддати беш аз 72 соат бидуни қарори додгоҳ, ҳамчунин маълумот надодан аз сарнавишти ӯ ба наздиконаш ва ҳоло бо иттиҳоми навиштани ду коммент дар шабакаи иҷтимоӣ, вале дар асл ба хотири фаъолияти расонаии фарзандаш ба муддати 6 сол аз озодӣ маҳрум кардани ин модари 45-сола, баёнгари ин аст, ки мақомоти кишвар на танҳо ба қонун, балки ба арзишҳои милливу инсонӣ низ заррае эҳтиром қоил нестанд.
ПМТ аз ҷомеаи кишвар ба хусус зиёиён ва бонувон, даъват мекунад, ки дар баробари ин қонуншикании ошкор ва амали ғайриинсонӣ сукут ихтиёр накунанд ва нагузорем, ки як модари бегуноҳ ба хотири амалҳои фарзандаш муҷозот шавад. Зеро, ин ҳолат метавонад фардо ба сари ҳар шаҳрванд биояд.
Ҳамчунин ПМТ аз созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар ва созмонҳои ҳимоят аз ҳуқуқи занон талаб менамояд, ки бо ҳар роҳи мумкин барои озодии Шоҳида Маҳмадҷонова талош намоянд ва нагузоранд, ки муҷозоти модарон ба ҷои фарзандон ба як анъана табдил шуда, амали машрӯъ дониста шавад.
Паймони Миллии Тоҷикистон
08.04.2022