Рубрики Хабарҳо

Мартин Лютер Кинг ва қазияи таҳрими автобусҳо

Ё як намуна аз эътирози мадании Лютер Кинг

Мартин Лютер Кинг поягузори эътирозҳои маданӣ дар Амрико як кашиши бабтист буд. Ӯ бо суханрониҳои оташинаш ҳаракатеро роҳандозӣ намуд, ки таҳаввулоти бузургеро дар дунё рақам зад. Яке аз аслитарин эътирозҳои мадании Лютер Кинг роҳандозии таҳрим алайҳи ширкати автобусронии Амрико буд.

Дар он замон дар Арико тамоми имконот ва сарватҳои кишвар дар ихтиёри сафедпустон буд ва сиёҳпустон шаҳрвандони дараҷаи дуввум ба шумор мерафтанд. Онҳо на мактаб доштанд ва на ҳуқуқи истифода аз имконоти омӯзишии он замонро. Ҳатто агар дар утубус сиёҳпусте нишаста буд ва сафедпусте вориди он мешуд, ҳатман бояд сиёҳпуст ҷояшро ба сафедпуст медод ва сиёҳпустон бояд роҳро барои сафедпустон боз мекарданд.

Дар яке аз рӯзҳо дар автобусӣ шаҳрӣ сафедпусте ворид шуд. Сиёҳони бисёре дар автобус буданд. Ҳамаи онҳое, ки рост буданд ба самти қафо рафтанд ва роҳро барои он сафедпуст боз карданд. Зани сиёҳпусте ҳам дар он автобус рӯи сандалие нишаста буд. Фарди сафедпуст ба он зан наздик шуд ва бо қаҳр ба ӯ нигарист. Дид, ки ӯ парвое надорад. Бо асабоният ба сараш дод зад, ки бархезад ва ҷояшро ба ӯ бидиҳад. Зеро ӯ ҳақ надорад вақте сафепусте онҷо рост истодааст биншинад.

Аммо зан ба гуфтаҳои ӯ таваҷҷӯҳе накард ва дар ҷавоб гӯфт, ман ҳам билет харидаам ва ҳақ дорам аз автобус истифода барам. Даъво калонтар шуд. Зани сиёҳпустро ба зиндон бурданд.

Ӯ Роза Парк яке аз ёрони баъдии Мартин Лютер Кинг буд. Хабари боздошти Роза Парк ба Лютер Кинг ҳам расид. Дар як суханронии оташин Лютер Кинг аз тамоми мардум хост ба автобусҳо савор нашаванд. Суханони Лютер Кинг ҳам чун бо такя бар манобеъи китоби муқаддаси масеҳиён буданд ба гармӣ истиқбол шуданд. Дар як муддати кӯтоҳ ширкати автобусронии Амрико варшикаста шуд.

Додгоҳ маҷбур ба ақибнишинӣ шуд. Раиси додгоҳ ба Роза Парк пешниҳод намуд, ки мо мехоҳем қазия ба хубӣ поён ёбад ва шумо бо супоридани танҳо 10 доллар ҷарима метавонед озод шавед. Аммо Роза қабул накард, ҳатто 10 долар ҳам ҷарима супорад ва аз ҳуқуқи худ гузашт накард. Ҳамзамон Лютер Кинг ҳам бо суханрониҳояш мардумро даъват ба таҳрими ширкати автобусронӣ намуд. Кор ба ҷое расид, ки Роза Парк ҳам ба рамзи мубориза зидди нажодпарастӣ табдил шуд.

Дар воқеъ нофармонии маданӣ метавонад ҳатто аз як нафар ҳам оғоз шавад ва баъдан фарогир гардад.

Дар ҷомеаи диктатурии Тоҷикистон ҳам кори бонувоне, ки иқдом ба ҷамъоварии имзо барои гарон шудани интернет карданд, камтар аз кори Роза Парк нест. Ё ин ки иқдоми Нилуфар Раҷабова дар баробари ҷиноят ва қонуншикании мақомот ҳам камтар аз кори Роза Парк набуд. Вале ҷомеа омодагии шурӯъи як эътирозро надошт.

Аммо мутмаъин бошед, ки имрӯз дигар ҷомеаи мо ниёз ба Лютер Кингу Манделло надорад. Шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ тавре ҳаст, ки интернет нақши ҳама чизро бозӣ мекунад ва ҳар як ҷавон имрӯз метавонад ба Лютер Кингу Манделлои тоҷик табдил шавад ва он рӯз ҳам дур нест.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *