Рубрики Хабарҳо

Ҳукумат бори чандум супориш дод қарзи корхонаҳо кам карда шавад. Аммо он меафзояд

Ҳукумати Тоҷикистон ба вазорати молия супориш дод дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дигар барои ҳарчи зудтар кам кардани қарзи корхонаҳои бузурги давлатӣ чораҳои оҷил андешад. Вазоратҳо ин супоришро аввали моҳи феврал дастрас кардаанд.

Ба корхонаҳое, ки супориш шудааст қарзҳояшон кам карда шавад, пеш аз ҳама бузургтарин ширкати қарздор “Барқи тоҷик” шомил аст, ки қарзаш то аввали соли ҷорӣ аз марзи 26 млрд сомонӣ ($2,7 млн) убур кардааст. 

Ҳамчунин ширкату корхонаҳое мисли ҶСК “Алюминии тоҷик”, ҶСК “Фурӯдгоҳи байналмиллали Душанбе”, ҶСК “Тоҷик Эйр” ва “Роҳи оҳани Тоҷикистон” шомиланд. 

Қарзи умумии корхонаву ширкатҳои бузарги давлатӣ  барои 1 октябри соли 2019 беш аз 64,6 млрд сомони ($6,6 млрд)-ро ташкил медиҳанд ва ин қарз сол то сол меафзояд. 

Барои мисол 1 июли соли 2018 қарзи умумии корхонаҳои бузурги давалтӣ 45 миллиарду 727,1 миллионро ташкил медод. Яъне дар як солу се моҳ қарзи корхонаву ширкатҳо наздик ба 19 млрд сомонӣ афзоиш ёфтааст, ки баробар қариб ба 70%-и буҷаи кишвар мебошад.   

Ин қарз дар 1 июли соли 2017 бошад 28 млрду 872 млн сомониро ташкил медод..Яъне дар як сол он 16 миллиарду 855 миллион сомонӣ бештар шуда буд.  

Бори аввал нест, ки ҳукумат ба вазорату идораҳо супориш медиҳад барои кам кардани қарзи ширкату корхонаҳо чора андешанд. Ин масъала дар бештари маҷлисҳои солонаи кишвар бардошта шуда, раисҷумҳур чанд вазиру раисро рост мемонад. Аммо на танҳо қарзи корхонаҳо сол то сол бештар мешавад, балки суръати афзоиши қарзҳо низ тундтар мегардад.

Солҳои 2008 ва 2015 ҳам чунин “супоришҳои қатъӣ” ба вазоратҳо фиристода шуда, ба барномаи давлатӣ ҳам шомил шуда буданд, аммо ҳеҷ натиҷае надоданд.

Коршиносон мегӯянд, минбаъд ҳам ин супоришҳо рӯи қоғаз хоҳанд монд, чун қарзи ширкату корхонаҳо на ба он хотир меафзояд, ки онҳо зарароваранд, балки ин ширкатҳо аз тарафи афроди наздик ба оилаи раисҷумҳур ва худи Оила ғорат карда мешаванд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *