Categories Хабарҳо

Намояндаи СҶБ: алкул инсонро муқобии коруно осебпазир мекунад

Намояндаи расмии Созмони ҷаҳонии бездошт  Тарик Язаревич зимни посух ба саволи ТАСС дар бораи зараровар будани нӯшидани машрубот ҳангоми эмгузаронӣ алайҳи бемории COVID-19, ки дар натиҷаи коронавирус ба вуҷуд омадааст, гуфт, ки машруботи спиртӣ метавонад инсонро дар муқобили коронавирус осебпазир кунад ва системаи эминиро зери хатар бигузорад. 

Язаревич гуфт, «Истеъмоли машруботи спиртӣ бо доираи васеи бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ва ихтилоли рӯҳӣ вобастагӣ дорад ва метавонад одамро дар муқобили COVID-19 бештар осебпазир кунад». 

Намояндаи расмии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ таъкид кард, ки «машруботи спиртӣ системаи эминии баданро зери хатар мегузорад ва таҳдиди пайомадҳои манфиро барои саломатӣ зиёд мекунад». «Бинобар ин, одамон бояд истеъмоли машруботи спиртиро дар ҳар ҳолат то ҳадди ниҳои коҳиш бидиҳанд, хусусан ҳангоми пандемияи COVID-19».

Тавре намояндаи расмӣ таъкид кард, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ба одамон тавсия медиҳад, ки саломатии худро назорат кунанд ва онҳоро ба истеъмоли ғизои солим, тарки тамокукашӣ ва маҳдуд сохтани истеъмоли машрубот даъват мекунад. Вай хотиррасон кард, ки Созмон муайян намудааст, ки истеъмоли машрубот «метавонад ба фаъолии эминии бадан таъсир расонад» ва инчунин «осебпазирии саломатиро бештар кунад».

Қаблан роҳбари Роспотребнадзор Анна Попова зикр  карда буд, ки нӯшидани машруботи спиртӣ бояд на камтар аз ду ҳафта пеш аз эмгузаронӣ қатъ карда шавад. Илова бар ин, беҳтар аст ки аз истеъмоли машруботи спиртӣ дар тамоми давраи эмгузаронӣ — аз гирифтани вояи якуми дору то дуюми он ва чанде пас аз он, даст кашида шавад.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *