Узбекистон ва Русия тасмим доранд як қатор корхонаҳои муштарак барои истеҳсоли таҷҳизоти электрикӣ ва вагонҳои мусофирбар таъсис диҳанд.
Дар ин бора Podrobno.uz хабар дода афзудааст, ки инчунин истеҳсоли муштараки дигар масолеҳ мавриди гуфтушунид қарор гирифтанд.
Бино ба иттилои манбаъ ин тасмим дар натиҷаи гуфтушунидҳои васеи байниҳукуматии Ӯзбекистону Русия таҳти сарварии Муовини Сарвазири Ӯзбекистон Сардор Умурзоқов ва Муовини Сарвазири Федератсияи Русия Алексей Оверчук гирифта шудааст.
Манбаъ менависад, ҷонибҳо имкониятҳои ташкили кластерҳои агросаноатиро дар қаламрави ҳарду кишвар омӯхтаанд, ки метавон истеҳсоли равғани офтобпараст, гӯшту шир ва коркарди маҳсулоти кишоварзиро ба роҳ монд. Ғайр аз ин, як қатор ташаббусҳо оид ба таъсиси корхонаҳои муштарак дар истеҳсоли ришта, матоъ, масолеҳи тайёр ва дӯзандагӣ, ҷамъоварӣ ва коркарди ҳезум, истеҳсоли маҳсулоти электрикӣ ва мошинҳо баррасӣ шуданд.
Дар хабар гуфта шудааст, ки ҷонибҳо оид ба суръат бахшидани татбиқи лоиҳаҳо ва ташаббусҳои мувофиқашуда, иттилоъ додани доираҳои тиҷоратии Ӯзбекистон ва Русия дар бораи имкониятҳои сармоягузорӣ ва механизмҳои афзоиши тиҷорати дуҷониба ба мувофиқа расидаанд.