Сафири нави Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ имрӯз, 17 июн ба раиси ҷумҳурии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ эътимоднома супурд.
Ин маросим ду рӯз баъди музокироти президенти Эрон баргузор шуд, Рӯҳонӣ, ки ду рӯз қабл аз вохӯрӣ бо ҳамтои тоҷикиаш баргаштааст зимни гирифтани эътимоднома гуфт, ки “робитаҳои Эрон ва Тоҷикистон бояд дар ростои манофеи ду миллат умқ ёбаyд ва бояд аз фарҳанги муштарак байни ду миллат ба унвони пояе барои тавсеа баҳра бурд”.
Раисҷумҳури Эрон таъкид кардааст, ки Теҳрон омодаи ҳамкорӣ бо Душанбе дар ҳама заминаҳо мебошад.
Сафири тозатаъини Тоҷикистон дар Теҳрон гуфтааст, «таҳким ва тавсеаи муносибатҳо байни Эрон ва Тоҷикистон аҳамияти асосӣ дорад ва сафари раиси ҷумҳурии Эрон ба Душанбе фасли навине аз муносибатҳои ду кишвари дӯст ва бародар аст”.
Муносиботи ду кишвари ҳамзабон пас аз 4 соли сардӣ рӯ ба гармӣ оварданд. Қаблан ҷониби Тоҷикистон Эронро ба сармоягузории терроризм ва чанд куштор дар кишвараш муттаҳам мекард.
Дар нишасти Душанбе Эмомалӣ Раҳмон гуфт, рушди равобит бо Эрон «иродаи ҳукумати Тоҷикистон аст».
Коршиносн ба ин назаранд ин “ирода” баъди фишори Русияву Чин ба вуҷуд омадааст.