Дар доираи сафари соҳибкорони қазоқ ба вилояти Суғд чанд созишнома, ки гуфта мешавад асосан ба содироти маҳсулоти кишоварзии вилояти Суғди Тоҷикистон ба Қазоқистон бастагӣ доранд, ба имзо расонидаанд.
Тибқи иттилоъи Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд байни ҶДММ «Зардолу ва К» ва ҶДММ «Скиф Трейд», ҶДММ «Меваю сабзавот» ва ҶДММ «Lion Fruit», ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон» ва ҶДММ «Umay Agro Impex», ҶДММ «Агробиёхим» ва ҶДММ «Скиф Трейд» шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
Ҳамзамон, тибқи иттилоъи манбаъ дар Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд мулоқоти соҳибкорон ва кишоварзони вилоят бо соҳибкорони Қазоқистон доир гардид.
Дар мулоқот имконоти сармоягузорӣ, маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли вилояти Суғд ва ҳаҷми содироти он ба меҳмонон муаррифӣ карда шуд.
Иброз гардид, ки маҳсулоти тару тозаи Тоҷикистон дар Қазоқистон серхаридор аст ва доираҳои соҳибкории ҳарду кишвар метавонанд барои содироти маҳсулоти полезӣ ва меваи хушку тар ҳамкорӣ ба роҳ монанд.
Дар ҷараёни вохӯриҳо аз ҷониби доираҳои тиҷоратии ду кишвар имконоти тиҷорати мутақобила, ташкили содироти маҳсулоти дорои талабот дар бозорҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон баррасӣ карда шуданд.