Дар назар аст, ки дар вилояти Хатлон корхонаи саноатии батареяҳои офтобӣ бунёд карда шавад. Ин масъала дар мулоқоти Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон бо намояндагони ширкати “Гуруҳи сохтмони энергетикии Чин” зикр гардидааст.
Мулоқот 10 июли соли равон, дар шаҳри Бохтар сурат гирифтааст. Дар мулоқот зикр шуд, ки вилояти Хатлон бо ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Халқии Хитой муносибатҳои хуби дуҷонибаро ба роҳ мондааст ва ин равобит дар марҳилаи кунунӣ босуръат рушд дорад.
Давлаталӣ Саид тақвият ва густариши робитаҳои корӣ бо ширкатҳои Чинро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти иқтисодии хориҷӣ шуморид ва афзуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба бунёди муносибатҳои дарозмуддат, ки ба истифодаи самарабахши зарфияти минтақаҳо мусоидат мекунанд, алоқаманд аст.
Ҳамчунин, намояндагони ширкати “Гуруҳи сохтмони энергетикии Чин” гуфтаанд, ки ният доранд дар вилояти Хатлон корхонаи саноатии батареяҳои офтобиро, ки энергияи тоза истеҳсол мекунанд, таъсис диҳанд. Гуфта шудааст, ки Чин аз иқдомоти Тоҷикистон доир ба таъмини дастрасӣ ба манбаъҳои таҷдидшавандаи неруи барқ, ба мисли гидроэнергетика ва энергияи бодию офтобӣ мудом дастгирӣ хоҳад кард.
Гурӯҳи сохтмони энергетикии чинӣ ба ҶДММ «Институти лоиҳакашии энергетикии Шинҷон» (CEEC), ки бо номи Energy China маъруф аст, дахл дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube