Зане, ки чор фарзандашро кушта буд, ягон бемории равонӣ надоштааст. Тавре маълум шуд, беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои рӯҳии ноҳияи Рӯдакӣ хулоса додааст, ки Назокатхон Тоирова, ки моҳи сентябр фарзандони ноболиғи худро буғӣ карда кушта буд ягон бемории равонӣ надорад. Парвандаи ҷиноятӣ бо эълони фикри айбдорӣ ба суди вилояти Хатлон фиристода шудааст.
Тавре расонаҳои маҳаллӣ иттилоъ медиҳанд, прокуратураи вилояти Хатлон гуфтааст, ки парвандаи ҷиноятӣ баъди ба анҷом расидани тафтишоти пешакӣ барои моҳиятан дида баромадан ба суди вилояти Хатлон фиристода шуд.
Гуфта шудааст, ки “Баъди он ки мутахассисони Беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои рӯҳии ноҳияи Рӯдакӣ ташхис гузарондаву Назокатхон Тоироваро аз назари равонӣ саломат арзёбӣ карданд, муфатиш нисбат ба ӯ бо модаи 104 қисми 2 КҶ ҶТ айб эълон карда, парвандаро ба суд ирсол кард. Худи Назокатхон Тоироваро аз Беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои равонӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба боздоштгоҳи пешакӣ дар шаҳри Бохтар инқтиқол доданд”.
Қаблан Назокатхон Тоирова, зане, ки дар ноҳияи Кӯшониён чор фарзанди худро рӯзи 9-сентябри соли равон буғӣ карда кушта буд, барои муайян кардани вазъи равонияш ба Муассисаи давлатии беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои равонӣ, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ фиристода буданд.