Рубрики Хабарҳо

“Посдорон”-и фарҳанги миллӣ. Раъно Абдуллоева

Мубориза бо “фарҳанги бегона”, ки чанд сол аст ҳукумати Тоҷикистон роҳандозӣ кардааст, асосан бо иффату номуси занони мусалмони тоҷик меҷангад.  Парчами ин мубориза ба дасти онҳое супорида шудааст, ки на танҳо аз иффату номус фарсахҳо дуранд, балки аслан намедонанд худи калимаи “фарҳанг” чӣ маънӣ дорад. 

Дар қазияи Нилуфар Раҷабова, хоҳари Шӯҳрати Раҳматулло, ки барои сатраш боздошт ва таҳқир шуд, симои ду нафар аз ин “посдорон”-и фарҳанги миллӣ ба хонандагони Паём равшан шуд. Яке муовини сардори ШВКД Истамзода Машраф Истамӣ ва дигаре масъули бахши кор бо занон дар ноҳияи Синои пойтахт Абдуллоева Раъно Ҳайдаровна. 

Дар бораи Истамзода чанде қабл мо карда будем, ки дар он танҳо рӯи ҷиноёти расонашудаи ӯ таваққуф кардем. Паём дар ҳоли ҷамъоварии арқому далоил дар бораи Истамзода Машраф аст ва ба зудӣ таҳқиқоти пурратаре дар бораи ин ҷинояткори низомипӯш нашр хоҳад кард. 

Ба мо муяссар шуд маълумоти мухтасаре дар бораи Раъно Абдуллоева низ ба даст орем. Ҳоло онро манзури хонандагон месозем ва аз ҳамаи онҳое, ки ин зани ҷинояткор, тӯҳматгар ва фосидро мешиносанд хоҳиш мекунем маълумоти бештаре дар борааш ба Паём ирсол намоянд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *