Рубрики Хабарҳо

Марде дар Олмон 87 бор воксини коруно зад

Марди 61 сола аз Иёлоти Зоксони Олмон бо дасткории санад ҳудуди 90 бор воксини коруно дарёфт кардааст. Анвоъи мухталифи воксин ва бархе рӯзҳо то се мартаба. Полиси ҷиноии Олмон таҳқиқоте алайҳи ӯ ба занни сохтакории аснод оғоз кардааст. 

Марди 61 сола аз шаҳри Магдабург дар Иёлоти шарқии Зоксони Олмон, ки ду дози комили коруноро дарёфт карда буд, аз тобистони 2021 ва дар хилоли севумин навбат, 85 мартаба воксин зад. 

Ин фарди мазнун ба сохтакории корти ваксинзанӣ ва фурӯши он ба афроди дигар аст. Як сухангӯи полис гуфта, ки идораи огоҳии Олмон дар ҳоли таҳқиқ перомуни судури ғайриқонуни корти гувоҳии воксин аст. 

Авоили моҳи март буд, ки талошҳои ин мард барои ваксинзанӣ бештар бармало шуд. Дар ин замон масъулони маркази ваксинзании Айнлбург мутаваҷҷеҳи “ноҳамхониҳое шуда буданд, зеро ӯ рӯзи қабл ҳам барои ваксинзанӣ ба ин марказ муроҷиа карда буд”. 

Полис дар хонаи ин фард чандин корти ваксинзании пурнашуда ва низ корти бимаи дармонӣ пайдо кардааст. Алайҳи ӯ парвандаи кайфарӣ кушода шуда аммо ҳанӯз боздошт нашудааст. 

Барои нахустин бор ҳузури машкуки ин фард дар як маркази ваксинзании шаҳри Дрезден ҷалби таваҷҷуҳ карда буд. Як сухангӯи Салиби Сурх гуфтааст: “Мо мутаваҷҷеҳи масъала шудем ва дигар марокизро огоҳ кардем ва аз онҳо хостем дар сурати муроҷиаи ин фард, зуд полисро огоҳ созанд.” 

Ин фард ҳамвора бо ном ва мушаххасоти воқеъии худ барои ваксинзанӣ сабти ном карда ва ба гуфтаи полис, дар муроҷиатҳои пайдарпай, анвоъи мухталифи воксинро тазриқ кардааст. Портали хабари “Фроя пурса” дар шаҳри Каменитс менависад, ки ин фард дар бархе рӯзҳо то се навбат воксин задааст. 

Гуфта мешавад, ки ин шаҳрванди 61 сола, ҳар бор пас аз дарёфти воксин, ҷилди корти ваксинзаниро, ки номаш рӯйи он навишта шуда буд, ҷудо мекард ва бо пайваст кардани ҷилди бидуни ном, гувоҳии ваксинзаниро ба дигарон мефурӯхтааст. 

Ҳанӯз мушаххас нест, ки дарёфти ин мизон аз воксин коруно чӣ таъсире бар саломатии ин фард гузоштааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *