Рубрики Хабарҳо

Раиси пешини Шаҳритӯс ба тақсими ғайриқонунии замин муттаҳам мешавад

Раиси пешини ноҳияи Шаҳритус Рамазон Оймаҳмадзода 2 гектар замини як корхонаи саноатиро ғайриқонунӣ ба аҳолӣ тақсим кардааст, гуфт Рустам Сангинзода, сардори шуъбаи назорати иҷрои қонунгузории замини Додситонии вилояти Хатлон нишасти матбуотиаш, ки имрӯз рӯзи 20 июл баргузор ушд.

Гуфта нашуд, ки нисбати собиқ раиси ин ноҳия барои ин кирдор парванда боз шудааст ё не аммо Сангинзода изҳор дошт «вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба шахсони мансабдор парванда оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад”.

Ин масъули додситонии вилоят гуфт, ки нисбати қарорҳои раиси собиқи ноҳия вобаста ба ин замин эътирози додситонӣ оварда шуд.

“Дар рафти санҷиш маълум гардид, ки қонунгузории замин аз тарафи як қатор шахсони масъул ва шахсони алоҳида дағалона вайрон карда шудааст. Аз рӯи маълумоте, ки мо дар даст дорем зиёда аз 2 га замини як корхонаи саноатӣ аз ҷониби собиқ раиси ноҳия ва дигар шарикони ӯ ғайриқонунӣ ба шаҳрвандон тақсим карда дода шудааст”,- гуфт Рустам Сангинзода.

Дар нишаст, ҳамчунин зикр гардид, ки дар 6 моҳи соли равон нисбати 208 қарори раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон эътирози додситонӣ оварда шуд, ки аз ин 43,2 дарсади он ба раисони амалкунанда рабт дошта,  89,4 дарсади ин қарорҳо ба масъалаи замин вобастагӣ доранд.

Ҳамчунин, вобаста ба қонунгузории замин, аз ҷумла ғайриқонунӣ тақсим кардан ва худсарона забт кардани замин 190 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, майдони 3 ҳазору 287 га замин ба ҳолати аввала баргардонда шудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *