Рубрики Pressa

35 хатмкунандаи Душанбе соҳиби аттестати аъло бо медали тилло гардиданд


Соли 2025 барои соҳаи маорифи пойтахт соли дастовардҳои назаррас гардид. Тибқи иттилои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, 35 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳр бо аттестатҳои аълои универсалӣ ва медалҳои тилло сарфароз шуданд.

Ҳамзамон, дар сатҳи ҷумҳуриявӣ аз миёни зиёда аз 100 довталаб 73 нафар сазовори аттестати аъло бо медалҳои тилло ва нуқра гардиданд:

-10 нафар — аттестати аълои универсалӣ (медали тилло);

-39 нафар — равияи табиӣ-риёзӣ (медали тилло);

-2 нафар — равияи табиӣ-риёзӣ (медали нуқра);

-19 нафар — равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ (медали тилло);

-3 нафар — равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ (медали нуқра).

Дастовардҳои бесобиқа дар давоми ду соли охир, аз ҷумла 27 медал дар соли 2024 нишон медиҳанд, ки Душанбе дар самти таълиму тарбияи насли наврас мавқеи пешсафро касб мекунад.

Ёдовар мешавем, ки дар солҳои охир хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ пайваста ҷойҳои ифтихориро ишғол менамоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *