Рубрики Pressa

Таъмини амният дар пойтахти кишварҳои ИДМ. Шоҳрух Саидзода дар Остона чӣ гуфт?


Дар шаҳри Остонаи Қазоқистон Панҷумин ҷаласаи роҳбарони мақомоти корҳои дохилии пойтахтҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд.

Дар ҷаласа роҳбарони мақомоти корҳои дохилии шаҳрҳои Боку, Ереван, Минск, Бишкек, Москва, Ашқобод, Тошканд ва Душанбе ширкат варзиданд.

Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш генерал-майори милитсия Шоҳрух Саидзода, сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе намояндагӣ намуд.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, дар ин ҷаласа масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти иншооти ҳаётан муҳими шаҳрӣ, рушди низоми мушоҳидаи видеоӣ, пешгирии ҷиноятҳои киберӣ, истифодаи технологияҳои нав ва зеҳни сунъӣ дар фаъолияти оперативӣ-тафтишотӣ ва ҳамоҳангсозии мақомоти милитсия зимни баргузории чорабиниҳои оммавӣ баррасӣ шуданд.

Ҳадафи асосии ҷаласа тақвияти ҳамкории миёни мақомоти корҳои дохилии пойтахтҳо, табодули таҷрибаи муфид ва таҳкими механизмҳои муштарак барои ҳифзи амният ва тартиботи ҷамъиятӣ мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *