Шаш хонандаи муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар соҳиби аттестати аълои универсалӣ ва медали тилло гардиданд.
Шоиста Абдуназарзода, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки шароити таълим дар муассисаҳои таълимӣ дар сатҳи хуб аст. Ӯ мегӯяд, дастоварди навбатӣ натиҷаи шароити хуби таълим, меҳнати омӯзгорон ва фаъол будани хонандагон аст.
“Шаш хонандаи мо ғолиби озмуни аттестати аълои равиявӣ ва медали тилло гардиданд, ки ин боиси ифтихори аст. Дар оянда кӯшиш мекунем, ки дастовардҳо аз ин ҳам зиёд карда шаванд”,-гуфт ӯ.
Шоиста Абдуназарзода афзуд, ки соли гузашта хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар соҳиби 5 аттестати аълои равиявӣ ва медали тилло шуда буданд.
Машраби Аловиддин
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube