Аюб Усмонзода, ректори пешини Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, барои гирифтани пора дар таркиби гурӯҳи муташаккил гунаҳкор дониста шуда, ба 7 соли зиндон маҳкум шудааст. Дар ин бора Азия-Плюс бо такя бар манобеъи худ хабар додааст.
Ҳукми мазкур рӯзи 26-уми июн содир шуда, Усмонзода бо моддаи 319, қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (гирифтани пора аз шахси мансабдор) гунаҳкор эътироф шудааст.
Маълумоти бештар дар бораи миқдори пора ва шароити гирифтани он расман нашр нашудааст. Назари худи маҳкумшуда, наздикон ва вакили дифоаш низ дастрас нест.
Усмонзода моҳи март инҷониб боздошт шуда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube