Рубрики Pressa

Омбудсмен аз марги чаҳор кӯдак дар Фархор изҳори нигаронӣ кард


Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз фоҷиаи марги чаҳор кӯдаки ноболиғ дар ноҳияи Фархор, ки моҳи гузашта аз ҷониби модарашон ба дарё  партофта шуданд, изҳори нигаронь кардааст.

Дар изҳороте, ки дафтари матбуоти Омбудсмен нашр кард, гуфта мешавад, ин ҳодисаи такондиҳанда бояд зинаҳои гуногуни ҷомеа ва мақомоти масъулро водор кунад, ки барои таъмини амнияти ҷисмонӣ ва равонии кӯдакон тадбирҳои фаврӣ ва муассир рӯи даст гиранд.

«Ҳодисаи мазкур боиси нигаронии амиқи мақомоти давлатӣ ва аҳли ҷомеа гардида, чораҳои таъхирнопазирро дар самти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдакон тақозо менамояд», – омадааст дар баёния.

Омбудсмен зикр кардааст, ки бо вуҷуди тадбирҳои амалишуда барои ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон, ҳолатҳои марг, зӯроварӣ ва табъиз нисбати кӯдакон ҳамоно ташвишовар боқӣ мемонанд. Дар изҳорот омадааст, ки «дар аксар ҳолат ҳуқуқу манфиати кӯдакон аз ҷониби падару модар ва ё парасторон, яъне шахсоне, ки кӯдак ба онҳо бовар дорад, вайрон карда мешавад».

Ваколатдори ҳуқуқи инсон ба мақомоти марбута, волидон ва аҳли ҷомеа муроҷиат карда, даъват намудааст, ки барои таъсиси муҳити солим ва амн барои кӯдакон, ҳамчунин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар самти ҳифз, тарбия, таълим ва назорати онҳо чораҳои ҷиддии пешгирикунанда андешанд.

Шаби 29 ба 30 июни соли равон Мадина Ҳалимоваи 27-сола чаҳор фарзанди худро ба дарёи  Яхсу партофт. Ҳамаи кӯдакон дар об ғарқ шуда, ҷони худро аз даст доданд. Худи зан зинда монда, айни замон бо иттиҳоми қатл дар боздошт қарор дорад. Сабабҳои дақиқи ин амал то ҳол маълум нестанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *