Устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Форуми сатҳи баланд оид ба иқтисоди рақамӣ ва ҳамкории инноватсионӣ, ки дар Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо иштироки намояндагони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардида, ҳадафи он таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои илмӣ, таълимӣ ва технологӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва марказҳои таҳқиқотии кишварҳои узв мебошад.
Дар ҷараёни форум намояндагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ширкатҳои инноватсионии кишварҳои аъзо мулоқот намуда, роҳҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки инноватсиониро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимни суханронӣ мавқеи Тоҷикистон дар самти рақамикунонии соҳаҳои иқтисод, илм ва маориф муаррифӣ гардид. Таъкид карда шуд, ки дар Тоҷикистон солҳои 2025–2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон гардида, татбиқи самараноки он дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти кишвар қарор дорад.
Саҳми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар амалӣ намудани ин ташаббусҳо назаррас арзёбӣ гардида, иштироки ҳайати донишгоҳ дар чунин чорабиниҳои сатҳи баланд бозгӯи нақши фаъолу созандаи он дар рушди равандҳои рақамӣ ва инноватсионӣ маҳсуб меёбад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube