Рубрики Хабарҳо

Истеъфои ду узви Шӯрои раҳбарии АОТ

Ду узви Шӯрои раҳбарии Анҷумани озодандешони тоҷик — Равшани Темуриён ва Ҳаким Рабимпур аз ҳайати ин шӯро истеъфо доданд. Ин тасмими ду узви ҳаракати мухолиф дар арафаи интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар маҳофили коршиносӣ суолҳоеро барангехтааст. 

Равшан Темуриён, журналисти тоҷики муқими Канада, ва Ҳаким Рабимпур, донишманди тоҷики муқими Амрико, рӯзи 2 октябр бо нашри баёнияҳои алоҳида дар саҳифаҳои худ дар Фейсбук аз истеъфояш аз ҳайъати Шӯрои роҳбарии Анҷумани озодандешони тоҷик, яке аз гуруҳҳои мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон хабар доданд.

Равшан Темуриён, хабарнигори собиққи Радиои Озодӣ, ки беш аз 20 соли охир дар Канада ба сар мебарад, дар аризаи истеъфояш, ки бо забони англисӣ навишта шудааст, бароварда нашудани орзуву умедҳояшро сабаби истеъфои худ аз ниҳоди роҳбарии Анҷумани озодандешони тоҷик ном бурдааст: «Ормонҳои Анҷуман дилҳоро гарм мекард ва мо талош мекардем, ки то охир зери як бом бошем. Вале воқеиятҳо нишон дод, ки Анҷуман бо ин ҳама шиорҳои қашангу рангорангаш бештар ҳамчун як созмони муваққат боқӣ мемонад. Бо камоли таассуф, ман истеъфоямро аз Шӯрои роҳбарии Анҷумани озодандешони тоҷик эълон мекунам.”

Ҳаким Рабимпур, як донишманди тоҷики зодаи Самарқанд ва феълан муқими Филаделфияи Амрико, истеъфояшро дар баробари баровардани нашудани хостҳояш ҳамчун ба ихтилофи назарҳо дар дохили Анҷуман рабт додааст: «Солу моҳҳои тӯлонӣ, маҷлиси Шӯрои раҳбарӣ, ки мебоист ҳадди аққал ҳар се моҳ ва ҷаласаи умумии Анҷуман, ки мебоист ҳар ду сол баргузор гардад, дар амал иҷро нашуд. Ин дарак аз он медиҳад, ки на ҳама ба Ойиннома ва арзишҳои Анҷуману миллат эҳтиром қоил ҳастанд. Албатта, зери як созмон ҷамъ омадани шахсиятҳои афкору ақоидашон гуногун барои миллат нодир буд, вале вақт нишон дод, ки назарҳо ва коргириҳо мухталифанд. Азбаски он хостаҳову пешниҳодҳо ва ормонҳои миллиам, ки ман борҳо дар маҷлисҳои созмон изҳор ва пешниҳод намудам, ба инобат гирифта нашуд, аз ин рӯ тасмим гирифтам, ки истеъфои худро аз Шӯрои роҳбарии Анҷумани Озодандешони Тоҷик, эълон намоям.”

Анҷумани озодандешони тоҷик соли 2018 дар Варшава таъсис ёфта, асосан дар Аврупо амал мекунад. Ин созмон моҳи сентябри соли 2018 дар баробари Ҳизби наҳзати ислом, Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон ва Анҷумани муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар Аврупо яке аз муассисони Паймони миллии Тоҷикистон, як эътилофи нирӯҳои мухолифини тоҷик ба раҳбарии Муҳиддин Кабирӣ шуд. Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти Паймони миллиро дар кишвар моҳи августи соли 2019 манъ кард.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *