Аз 9 то 12-уми июл дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи кушоди байналмилалии бокс ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ба хотири гиромидошти хотираи Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ Азимҷон Тошев баргузор шуд.
Дар ин мусобиқа 90 муштзан аз Федератсияи Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат карданд. Рақобатҳо дар ҳафт вазн – 51 кг, 57 кг, 63,5 кг, 67 кг, 71 кг, 80 кг ва +92 кг баргузор шуданд.
Дар вазни 51 кг Боир Батлаев намояндаи Русия, Меъроҷ Суфиҷонов, Сунатулло Қулов ва Меҳрон Шафиев аз Тоҷикистон; дар вазни 57 кг Хусравхон Раҳимов аз Тоҷикистон, Муҳаммад Собутхонов аз Ӯзбекистон, Виталий Баитсов аз Русия ва Анӯшервон Фозилов аз Тоҷикистон; дар вазни 63,5 кг Руслан Ғафуров аз Тоҷикистон, Расул Магомедов аз Русия, Хусрав Зоидов ва Ҷамшед Ғафуров аз Тоҷикистон; дар вазни 67 кг Данис Гавдрафиков аз Русия, Довуд Маҳкамов, Искандар Хусейнов ва Абубакр Абдуллозода ҳама аз Тоҷикистон; дар вазни 71 кг Муродҷон Ашуралиев аз Тоҷикистон, Лазизбек Тулқинов аз Ӯзбекистон, Алихон Янгизбоев аз Русия ва Исмоил Дадобоев аз Тоҷикистон; дар вазни 80 кг Чеерав Ачалиев аз Русия, Шаҳбоз Ҳаитов ва Абдумалик Болтаев ҳарду аз Тоҷикистон, Аян Калмаганбетов аз Қазоқистон; дар вазни +92 кг Светосиев Тетерин аз Русия, Муҳаммад Аброриддинов, Парвиз Аҳмадов ва Асадбек Маннонов аз Тоҷикистон ҷойиҳои ифтихориро соҳиб шуданд. Дар умум муштзанҳои тоҷик соҳиби 18 медал (3 тилло, 4 нуқра ва 11 биринҷӣ) шуданд. Муштзанҳои Русия соҳиби 7 медал (4 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) шуданд. Намояндагони Ӯзбекистон 2 медал (1 нуқра ва 1 биринҷӣ), Қазоқистон 1 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube