Рубрики Pressa

Тоҷикистон ва «Standard & Poor’s». Баррасии суботи молиявӣ дар фазои нооромии ҷаҳонӣ


Дар Бонки миллии Тоҷикистон мулоқоти раиси бонк Фирдавс Толибзода бо ҳайати Агентии байналмилалии рейтингии «Standard & Poor’s» баргузор гардид. Дар ҷараёни он вазъи низоми бонкӣ, сиёсати пулию қарзӣ ва динамикаи нишондиҳандаҳои оморӣ муҳокима шуданд.

Тавре Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҷонибҳо ҳамзамон доир ба нигоҳ доштани таваррум дар сатҳи пешбинишуда, таъмини суботи молиявӣ, нишондиҳандаҳои монетарӣ ва фискалӣ, татбиқи реҷаи ҳадафгирии таваррум ва идоракунии захираҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

Зикр гардид, ки бо вуҷуди вазъи мураккаби сиёсиву иқтисодии ҷаҳонӣ, дар Тоҷикистон рушди устувори иқтисодию молиявӣ таъмин мешавад. Дар ин замина, зимни таҳияи рейтинги навбатӣ аз ҷониби агентӣ ба хусусиятҳои минтақа, афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва ислоҳоти идоракунии захираҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.

Раванди интишори рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон ҳамасола дар ҳамкорӣ бо Агентии «Standard & Poor’s» аз ҷониби Бонки миллӣ амалӣ мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *